Маълумоти КҲФ: 30 июн дар Нурободу Варзоб сел омад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 30 июн дар ноҳияи Нуробод бар асари боришот сел омад. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа сангу лойқа селпартои деҳаи Яхакро бо дарозии 60 метр ва баландии 3 метр пур карданд. Гуфта мешавад,  айни замон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои сел корҳо роҳандозӣ шудаанд. Талафоти ҷонӣ ба […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 30 июн дар ноҳияи Нуробод бар асари боришот сел омад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа сангу лойқа селпартои деҳаи Яхакро бо дарозии 60 метр ва баландии 3 метр пур карданд.

Гуфта мешавад,  айни замон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои сел корҳо роҳандозӣ шудаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 30 июн дар дараи Мазори деҳаи Хоҷа-Обигарми ноҳияи Варзоб низ сел омадааст.

“Обу лойқа биноҳои таҳхонаи чанде аз хонаҳои сокинони маҳаллиро зер карда, ба иншооти ёрирасон қисман зарар расонид”, – хабар медиҳад Кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳо ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ нест.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 1-2 июл дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел дар маҳалҳо вуҷуд дорад.  

Рӯзҳои 1-3 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бо сабаби чангбод аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ эҳтимоли баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.