Модари “Дилшоди СБ” барои 13 сол равонаи зиндон шудааст

Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ), муттаҳами асосӣ ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, барои қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор ва ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Пайвандонаш айбҳоро беасос ва шикоят аз онро бефоида номидаанд. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод, […]

Asia-Plus

Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ), муттаҳами асосӣ ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, барои қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор ва ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Пайвандонаш айбҳоро беасос ва шикоят аз онро бефоида номидаанд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод, ки ҳукми Соҷида Саидмуродова 19-уми июн содир шуда, то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст.

“Бо гузашти ду ҳафта аз содир шудани ҳукм, Соҷида Саидмуродова аз болои қарор шикоят набурдааст. Масъулони Додгоҳи олӣ гуфтанд, Саидмуродова то 5-уми июл ҳақ дорад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кунад”, – навишт ин расона.

Аммо яке аз пайвандони наздики ин зан, ки нахостааст номаш ифшо шавад ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз Саидмуродова ба хотири писараш Дилшод қасос гирифтаанд. Дар Додгоҳи олӣ инро рад карда гуфтаанд, ҳукм бар асоси далел содир шуд ва агар Саидмуродова норозӣ аст, бигзор шикоят кунад.

“Шикоят кардани мо дар ин шароит чӣ фоида дорад? Умед дорем, ки ин зани пиронсолро бар асоси қонунҳои афви оянда озод мекунанд”, – гуфтааст ин пайванди Соҷида Саидмуродова.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олӣ гуфтаанд, иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории аснод нисбати ин зан, ба хотири харидуфурӯши як хона дар соли 2016 аст. Пайвандони Саидмуродова ҳам тасдиқ карданд, ки як баҳси асосӣ дар парванда масъалаи хона аст, ки додгоҳ онро мусодира кардааст.

Дар Додгоҳи олӣ мусодира шудани хонаро тасдиқ ё рад накардаанд. Масъулини додгоҳ танҳо гуфтаанд, хонаро шавҳари Соҷида Саидмуродова пеш аз вафоташ ба як нафар туҳфа кардааст, аммо гӯё ин зан манзилро боз ба ду нафари дигар фурӯхтааст. Баҳси ин хона алоҳида дар Додгоҳи шаҳри Душанбе идома дорад.

“Иттиҳоми дигар дар парвандаи Соҷида Саидмуродова худсарона ғасб кардани қитъаи замин аст. Тафтишот муайян кард, ки Саидмуродова дар ошёнаи якуми бинои баландошёнае дар Душанбе зиндагӣ мекард ва замини поёни биноро ғасб кардааст”, – афзудааст ҳамсуҳбат Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олӣ. Пайвандони Саидмуродова дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Иттиҳоми чорум дар парвандаи Соҷида Саидмуродова ба қазияи писараш Дилшод Саидмуродов рабт доштааст. Муфаттиш аз болои Соҷида Саидмуродова шикоят кардааст, ки дар рафти тафтиши қазияи писараш ба тафтишот дахолат ва монеагӣ кардааст. Аммо мақомот нагуфтанд, ки Соҷида Саидмуродова чӣ гуна ба кори тафтишот монеъ шудааст ва ё дахолат кардааст.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, якҷо бо Соҷида Саидмуродова ду корманди идораи бойгонӣ ва як масъули пешини корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул низ ҷазо гирифтанд.

“Онҳо дар сохтакории аснод ба Саидмуродова ёрӣ додаанд ва барои онки гуноҳашон вазнин набуд, танҳо ҷарима шуданд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Бояд гуфт, ки Соҷида Саидмуродова 65 сол дошта, тибқи иттилои манобеъ, моҳи сентябри соли 2023, пас аз қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ва фирори писараш Дилшод Саидмуродов ба Русия боздошт шуда буд.

Дилшод Саидмуродов як моҳ баъди боздошти модараш дар Русия дастгир ва моҳи марти имсол дар Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ҳоло дақиқан маълум нест, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст ё не. Додситонии кулли кишвар то ин замон ба дархости "Азия-Плюс" дар бораи ба Тоҷикистон истирдод шудан ё нашудани Дилшод Саидмуродов посух надодааст.

Ҳамроҳ бо Саидмуродов боз чор каси дигар дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Куштори Шуҳрат Исматуллоев яке аз пурсарусадотарин ҳодиса дар соли гузашта буд. Исматуллоевро моҳи июни соли 2023 дар назди манзили зисташ гурӯҳи номаълум зӯран ба мошин савор карда, ба ҷои номаълум бурданд. Баъдан маълум шуд, ки ӯро дар яке аз минтақаҳи Варзоб шиканҷа ва ба қатл расонида, ҷасади ӯро ба дарё партофтаанд. Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Панҷакент дарёфт ва аз рӯи дандонҳояш шиносоӣ ва дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.