“Дилшоди СБ” дар Тоҷикистон ва бо ҳузури худаш муҳокима шудааст

Мурофиаи додгоҳии Дилшод Саидмурод, мулаққаб бо “Дилшоди СБ”, ки якҷо бо чанд нафари дигар барои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ба зиндони абад маҳкум шуд, бо ҳузури худаш баргузор гардидааст. Дар ин бораи Додгоҳи олии кишвар дар посух ба дархости “Азия-Плюс” иттилоъ дод. “… баррасии парванда дар мурофиаи судӣ бо иштироки бевоситаи […]

Asia-Plus

Мурофиаи додгоҳии Дилшод Саидмурод, мулаққаб бо “Дилшоди СБ”, ки якҷо бо чанд нафари дигар барои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ба зиндони абад маҳкум шуд, бо ҳузури худаш баргузор гардидааст.

Дар ин бораи Додгоҳи олии кишвар дар посух ба дархости “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

“… баррасии парванда дар мурофиаи судӣ бо иштироки бевоситаи худи маҳкумшуда Саидмурод Дилшод Ҳусейн ва дигарон, ҷамъ 14 нафар, инчунин ҳимоятгаронашон баргузор гардида, ҳукми Суди Олӣ аз 18 марти соли 2024 дар ҳузури онҳо эълон карда шудааст”, – омадааст дар посухи Додгоҳи олӣ.

Бояд гуфт, то ин замон ҳеҷ як аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Дилшод Саидмурод ба Тоҷикистон иттилои дақиқ надода буданд. Ҳарчанд баъзе манобеи “Азия-Плюс” тасдиқ карда буданд, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ва адами иттилои расмӣ суолҳоеро дар бораи ба Тоҷикистон овардан ё наовардани ӯ ба миён овард.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Саидмурод (Дилшод Саидмуродов) ё “Дилшоди СБ” яке аз маҳкумшудагон дар робита та рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” дар тобистони соли 2023 аст.  Мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз ташкилкунандагони аслии ин куштор муаррифӣ мекунанд.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, Дилшод Саидмурод пас аз куштори Шуҳрат Исматуллоев, якҷо бо чанд ҳаммаслакаш аз Тоҷикистон ба Русия фирор карда, барои чанд муддат онҷо пинҳон гардидааст. Аммо бо талоши мақомоти Тоҷикистон ӯ дар Русия боздошт ва тибқи иттилои Додгоҳи олӣ ба кишвар истирдоду ба зиндони абад маҳкум гардид.

Ҳамроҳ бо Дилшод Саидмурод, ҳамчунин 4 нафари дигар ба ҳабси якумра маҳкум шуданд. 9 нафари дар бошад, барои муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд.

Бар замми ин, ахиран Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмурод низ барои қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор ва ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ёдовар мешавем, ки куштори Шуҳрат Исматуллоев яке аз пурсарусадотарин ҳодиса дар соли гузашта буд. Исматуллоевро моҳи июни соли 2023 дар назди манзили зисташ гурӯҳи номаълум зӯран ба мошин савор карда, ба ҷои номаълум бурданд. Баъдан маълум шуд, ки ӯро дар яке аз минтақаҳи Варзоб шиканҷа ва ба қатл расонида, ҷасади ӯро ба дарё партофтаанд. Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Панҷакент дарёфт ва аз рӯи дандонҳояш шиносоӣ ва дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.