Маҷрои сел ба роҳу қитъаҳои наздиҳавлигии ноҳияҳои вилояти Суғд осеб расонид

Бар асари омадани сел рӯзи 8 июл дар қаламрави вилояти Суғд ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва роҳу пулҳо зарар расид. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, боришоти шадид ба омадани сел дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ боис гардидааст. Маҷрои сел 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард. Корҳо барои […]

Asia-Plus

Бар асари омадани сел рӯзи 8 июл дар қаламрави вилояти Суғд ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва роҳу пулҳо зарар расид.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, боришоти шадид ба омадани сел дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ боис гардидааст.

Маҷрои сел 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Нимаи дуюми рӯзи 8 июл баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад.

Дар натиҷа об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард. Комиссияи ноҳиявӣ дар ҷои ҳодиса кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳ, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.

Тибқи маълумоти Кумита, барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуд. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.