Миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳрҳои Истаравшану Истиқлол роҳи оҳан бунёд мешавад

Дар вилояти Суғд  миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истиқлол роҳи оҳан бунёд мешавад. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бунёди роҳи оҳан миёни ин шаҳру ноҳияҳо зимни мулоқоти раиси вилоят  Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти Институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин Чэн […]

Asia-Plus

Дар вилояти Суғд  миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истиқлол роҳи оҳан бунёд мешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бунёди роҳи оҳан миёни ин шаҳру ноҳияҳо зимни мулоқоти раиси вилоят  Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти Институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин Чэн Хэ баррасӣ гардидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дарозии умумии роҳи оҳан миёни шаҳрҳои Истаравшану Истиқлол бо ноҳияи Спитамен 171 км буда, дар назар аст, пас аз омӯзишу таҳлил бунёди он оғоз гардад.

Аммо дақиқи нест, ки натиҷаи омӯзишу таҳлил барои бунёди роҳи оҳан кай ниҳоӣ ва бунёди он кай оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки Чин яке аз сармоягузорони бузург ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, чанде пештар бо маблағи ин кишвар ду бинои муҳими давлатӣ – Парлумон ва Ҳукумат бунёд гардид ва бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ. Ки пайвандгари маркази Тоҷикистон бо шимол аст, низ бо маблағгузории Чин бунёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.