Сафорати Давлати Қатар дар Душанбе хоҳишмандонро барои кор ба ҳайси котиба, корманди кор бо ҷомеа, корманди қабулгоҳ, ронанда, корманди меҳмондорӣ даъват мекунад.
Талабот:
Маълумоти олӣ дар самтҳои номбурда,
Таҷрибаи корӣ на камтар аз 1 сол дар бахши вазифаҳои эълоншуда,
Донистани забони давлатӣ – тоҷикӣ ҳатмӣ буда, ба донандагони забони англисӣ ва арабӣ бартарӣ дода мешавад,
Маҳорати фаҳмиши раванди кор, кор бо компютер.
Хоҳишмандон метавонанд тарҷуми ҳоли худро бо забони англисӣ ба почтаи [email protected] равон кунанд.
Барои маълумоти бештар метавонед бо рақамҳои 44-610-22-22 ва 98-733-88-26 тамос гиред.
Санаи охири ирсоли ҳуҷҷатҳо: 01/08/2024


