Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ дар нимсолаи аввали соли равон 524,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Аз ҷумла, ин маҳсулоти нафтӣ иборатанд аз: – 236,6 ҳазор тонна бензин; – 223,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ; – 22,7 ҳазор тонна сӯзишвории […]

Asia-Plus

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ дар нимсолаи аввали соли равон 524,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, ин маҳсулоти нафтӣ иборатанд аз:

– 236,6 ҳазор тонна бензин;

– 223,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;

– 22,7 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;

– 62 ҳазор тонна мазут;

– 27,9 ҳазор тонна битум;

– 5,4 ҳазор тонна мавод (равғанҳо)-и молиданӣ;

– 8,2 ҳазор тонна гази моеъ.

Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки воридоти маводи сӯзишворӣ аз Русия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14,3% (65,6 ҳазор тонна) афзудаааст, ки 54%-и тавозуни индикативиро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёзнок мегирад.

Тоҷикистон ҳар сол то аввали моҳи сентябр ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтиро ба Русия пешниҳод мекунад, ки соли оняда он аз пардохти боҷи содиротии гумрукӣ озод карда мешавад.

Мақомоти салоҳиятдори ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, дар бораи интиқоли ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти нафтии Русия ба ҷумҳурӣ қарордод (тавозуни индикативӣ) ба имзо мерасонанд.

Ҳаҷми дархостшуда барои соли 2024, ки охири соли гузашта онро тарафҳо мувофиқа карда буданд, зиёда аз 970 ҳазор тонна муайян шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 783,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид карда шудаас, ки 10,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳамчунин дар нимсолаи аввал аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 156,5 млн тонна метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шудааст, ки 57,6 млн метри мукааб зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.