Канали “Қуштеппа” дар Афғонистон баъди 5 сол мавриди истифода қарор мегирад

Корҳои сохтмони қисмати дуюми лоиҳаи сохтмони канали “Қуштеппа” дар Афғонистон 58% иҷро шуд. Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Х намояндаи лоиҳаи Ширкати миллии рушди канали “Қуштеппа” Саид Забеҳулло Мирӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, айни замон ба корҳои сохтмони канал 3,5 ҳазор нафар одамон ҷалб шуда, 3 ҳазор мошину техника сафарбар шудааст. Саид Забеҳуллоҳ Мирӣ […]

Asia-Plus

Корҳои сохтмони қисмати дуюми лоиҳаи сохтмони канали “Қуштеппа” дар Афғонистон 58% иҷро шуд. Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Х намояндаи лоиҳаи Ширкати миллии рушди канали “Қуштеппа” Саид Забеҳулло Мирӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, айни замон ба корҳои сохтмони канал 3,5 ҳазор нафар одамон ҷалб шуда, 3 ҳазор мошину техника сафарбар шудааст. Саид Забеҳуллоҳ Мирӣ илова намудааст, ки канали “Қуштеппа” баъди 5 сол мавриди истифода қарор мегирад.

Бо назардошти нақшаҳои Толибон*, канали “Қуштеппа” бояд ҳудуди 500 ҳазор гектар заминро дар вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб бо об таъмин кунад.

Қаблан коршиноси афғонӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ Наҷибулло Садид изҳор дошта буд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани канали “Қуштеппа” Афғонистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 500 млн доллар даромад мегирад.

Ҳамчунин пештар зикр гардида буд, ки бо анҷоми сохтмони канал Афғонистон то 15% оби Амударёро мегирад, ки ин дар навбати худ, барои Ӯзбекистон ва Туркманистон мушкилоти ҷиддӣ ба бор меорад.

Тибқи нақша, дарозии канал бояд 285 километр, бараш – 200 метр ва чуқуриаш – қариб 8,5 метрро ташкил диҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио