Туркия дар Душанбе маркази дархости раводид боз кард

Дар Тоҷикистон дархостҳо барои гирифтани раводид (виза)-и Туркия аз 5 август дар Маркази дархости раводид қабул карда мешаванд. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар худи сафорат дигар дархост барои гирифтани раводид қабул намешавад. “Барои дархости раводид аз қабл таъиноти вақт барои […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон дархостҳо барои гирифтани раводид (виза)-и Туркия аз 5 август дар Маркази дархости раводид қабул карда мешаванд. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook хабар медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар худи сафорат дигар дархост барои гирифтани раводид қабул намешавад.

“Барои дархости раводид аз қабл таъиноти вақт барои вохӯрӣ шарт нест, – зикр мекунад сафорат. – Дархостҳо барои раводидро метавонед дар давоми соатҳои кории муайяншуда пешниҳод намоед.

Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки барои санаи 5 августи соли 2024 ва баъдтар аз он таъиноти вақт барои вохӯрӣ доранд, метавонанд ба маркази дархости раводид бо ҳуҷҷатҳои омодакардаашон, бидуни таъиноти вақт барои вохӯрӣ аз санаи 5 августи соли 2024 муроҷиат намоянд”.

Рӯзҳои кории марказ: душанбе-ҷумъа

Соатҳои корӣ: 9:00-17:00

Суроға: Маркази тиҷоратии «Созидание», бинои Б, ошёнаи 2

Телефон барои тамос: 991 23 99 99.

Қаблан сафорати Туркия хабар дода буд, ки арзиши раводиди яккарата барои вуруд ба Туркия 60 доллар ва чандкарата – 190 доллар муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафарҳо ба Туркия аз 20 апрел ҷорӣ шуд. Пештар шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид метавонистанд ба Туркия ворид шаванд ва то 90 рӯз дар он ҷо бимонанд.

Дар посух Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Турки реҷаи раводид ҷорӣ кард.

Дар ин маводи мо доир ба масоили муҳим дар бораи гирифтани раводид барои сафар ба Туркия маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.