Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ кард

Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд. Дар ВКХ гуфтаанд, бо истинод ба эзоҳи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи принсипи муомила ба мисл, шурӯъ аз 20 апрели соли 2024 низоми раводидӣ нисбат ба […]

Asia-Plus

Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд.

Дар ВКХ гуфтаанд, бо истинод ба эзоҳи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи принсипи муомила ба мисл, шурӯъ аз 20 апрели соли 2024 низоми раводидӣ нисбат ба дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия татбиқ мегардад.

“Шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа дастрас намоянд”, – зикр карданд дар ВКХ.

Тафсилоти бештар айни ҳол дастрас нест. Маълум нест, ки арзиши раводид чанд аст ва онро бо чӣ тартиб метавон дастрас кард. Бо пайдо шудани маълумоти бештар, ҳатман пешниҳод мегардад.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш раиси ҷумҳури Туркия бо имзоия як фармон барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард ва он аз 20-уми апрел амалӣ мегардад.

Нархи раводид ба Туркия чанд пул аст ва онро аз куҷо ва чӣ гуна метавон дастрас кард, дар матлаби “Раводид ба Туркияро аз куҷо ва чӣ гуна метавон дастрас кард?” мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.