Санаи сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон маълум шуд

Дар назар аст Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, рӯзҳои 18-19 апрел бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо ҳатои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобити дӯстонаи ду […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар назар аст Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, рӯзҳои 18-19 апрел бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо ҳатои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобити дӯстонаи ду кишварро баррасӣ кунанд.

Дар Сафорат Ӯзбекистон қайд карданд, ки дар чаҳорчӯби ин сафар рӯзҳои 17-20 апрел Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” бо Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба омодагии сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд, вале он замон санаи дақиқи ташрифи Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр нашуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.