Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сафир бо вазири маорифи Ӯзбекистон вохӯрд: Акнун дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистонро эътироф мекунанд? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафир бо вазири маорифи Ӯзбекистон вохӯрд: Акнун дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистонро эътироф мекунанд?

7
7

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов масъалаи баробарарзишӣ (нострификатсия) – и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро дар ин кишвари ҳамсоя муҳокима кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баррасии баробарарзишӣ (нострификатсия) -и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ ё (нострификатсия) эътироф карда мешавад. Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфта буд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, бо вазири таҳсилоти олии Ӯзбекистон  ҳамчунин, масоили дигари рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ро низ баррасӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки тобистони соли 2020 низ Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистон ба сифати таълиму таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон баҳои паст дода, гуфта буданд, ки 16 донишгоҳи ин ду кишвар ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон ҷавобгў нестанд.

Муаллифони санад ба ҳамватанони худ тавсия дода буданд, ки дар кишварҳое маълумот гиранд, ки дар раддабандиҳои бонуфузи сифати таҳсил мавқеъҳоишоиста доранд.

Баъди ин изҳорот, донишҷӯёни зиёди ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳсил мекарданд, гурӯҳ- гурӯҳ ба Ӯзбекистон баргаштанд то таҳсилро дар кишвари худ идома диҳанд.

Дар гузориши ин ниҳод таъкид мешуд, ки мактабҳои олии Тоҷикистон ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил намешаванд.

Он замон вазири вақти маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода гуфтаҳои бозрасии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистонро як таҳқиқоти бесалоҳият ва нохолисона арзёбӣ карда, гуфта буд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бадтар нестанд.

Имомзода афзуда буд, ки ҳисобот “рақобати носолим” аст, то ки донишҷўён аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон барои таҳсил наоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон тибқи фармони раисҷумҳур аз 1 марти соли 2019 тартиби нави эътироф ва баробарарзишӣ (нострификасия) – и ҳуҷҷатҳои дар хориҷи кишвар додашуда ҷорӣ карда шуд.

Тибқи фармон дипломе, дар ин кишвар эътироф мешавад, ки он донишгоҳ ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд. Дар ин сурат онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, бояд дар ин кишвар дипломашонро барои баробарарзишӣ пешниҳод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...