Муоинаи тиббӣ пеш аз издивоҷ: бемориҳои ҷиддӣ ошкор мешаванд

Дар зарфи 6 моҳи соли равон зиёда аз 39 ҳазор ҷуфт пеш аз тӯйи хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд. Дар нишасти матбуотии рӯзи 5 август дар Вазорати тандурурстӣ хабар доданд, ки аз ин теъдод дар 306 нафар бемории гепатити навъи В, дар 31 ҷуфт – гепатити навъи С ва дар 13 ҳолат бемории Вируси норасоии […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон зиёда аз 39 ҳазор ҷуфт пеш аз тӯйи хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 5 август дар Вазорати тандурурстӣ хабар доданд, ки аз ин теъдод дар 306 нафар бемории гепатити навъи В, дар 31 ҷуфт – гепатити навъи С ва дар 13 ҳолат бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ошкор шудааст.

Ғайр аз ин, дар 7 ҳолат бемории оташак (сифилис) ва 14 далели бемории рӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳадаф аз муоинаи тиббӣ пеш аз издивоҷ дар он аст, ки ҷавонон пеш аз тӯй аз вазъи солимии ҳамдигар огоҳ бошанд ва барои ташаккули оилаи солим шароит фароҳам оранд. Инчунин аз таваллуди кӯдакон бо  нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои ирсӣ пешгирӣ карда шавад.

Мувофиқи қарори ҳукумат аз соли 2015 ва меъёрҳои Кодекси оилаи Тоҷикистон, ҳамаи ҷавонон пеш аз тӯйи хонадоршавӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Дар муоина табибони соҳавӣ ҷавононро аз назар гузаронида, натиҷаҳои аз озмоишгоҳ гирифташуда ба ошкор намудани бемориҳое чун оташак, ВНМО/ БПНМ (ВИЧ/СПИД), бемории сил ва гепатит кумак мекунанд.

Дар сурати ошкор шудани ин ва дигар бемориҳо шахсе, ки аз муоина гузашт, ба табобат фиристода мешавад. Пас аз анҷоми табобат муоинаи такрорӣ гузаронида мешавад. Шумори муоинаҳои такрорӣ маҳдуд нест. Табиби оилавӣ бар асоси натиҷаҳои муоина ва хулосаи мутахассисони соҳавӣ дар бораи омода будани шахс барои издивоҷ маълумотнома медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.