Вазорати рушди иқтисод: Се соли оянда Тоҷикистон мехоҳад вобастагӣ аз воридотро кам кунад

Се соли оянда Тоҷикистон ният дорад, ки аз нисф зиёди молу маҳсулоти воридотиро дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол карда, ба ин васила вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳад. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода имрӯз, 6 август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 61,7 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Се соли оянда Тоҷикистон ният дорад, ки аз нисф зиёди молу маҳсулоти воридотиро дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол карда, ба ин васила вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода имрӯз, 6 август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 61,7 млрд сомонӣ ва суръати воқеии афзоиш – 8,2%-ро ташкил дод.

Афзоиши суръати рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5%, бахши кишоварзӣ – 9,6%, хидматрасониҳои пулакӣ – 16,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 15,7%, гардиши савдо – 11,9%, ҳамлу нақли бор – 13,8% ва мусофирбарӣ – ба андозаи 9% таъмин шудааст.

Ба гуфтаи Солеҳзода, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои давраи солҳои 2025-2027 таҳия шудааст.

Мувофиқи ин ҳуҷҷат, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар дурнамои нархи солҳои дахлдор ҳамасола тақрибан 20% ва маҳсулоти кишоварзӣ – 7,5% боло меравад.

Дар соли 2027 Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро то 9,7 млрд доллар, аз ҷумла содротро то 3,5 млрд доллар ба нақша гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ба зиёда аз 4,4 млрд доллар, аз ҷумла содирот – қариб ба 1 млрд доллар расид. Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои ҷумҳурӣ зиёда аз 8,3 млрд доллар, аз ҷумла содирот – 2,4 млрд долларро ташкил дода буд.

Ба иттилои Вазорат, давоми се соли наздик содироти барқ 38% афзуда, 5,5 млрд киловатт-соат ба маблағи 190 млн долларро ташкил хоҳад дод. Содироти алюминии аввалия то 128 ҳазор тонна ба маблағи 292 млн доллар расонида шуда, сатҳи афзоиш дар муқоиса бо пешгӯиҳои соли равон 77,4%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулоти меваю сабзавот, семент, ҷӯробу либосҳои бофандагӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, дар робита ба мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави коркарди ашёи хом дар дохили кишвар, содироти нахи пахта, маъданҳо ва консентратҳо ба андозаи 20-40% коҳиш меёбад.

Ғайр аз ин, дар се соли наздик Тоҷикистон ният дорад, ки воридоти маснуоти макарон, маҳсулоти гӯшту шир, орд, равғани растанӣ ва нуриҳои минералиро ба андозаи 10-30% коҳиш диҳад.

Дар ин давра воридоти мол аз қабили маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, гилхок, чӯб ва гандум зиёд карда мешавад. Ин гурӯҳи маҳсулот барои истеҳсоли дигар маҳсулоти воридотивазкунанда дар дохили кишвар муҳим аст. Асосан ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.