Тафтиши парвандаҳое, ки баъди низои марзии баҳори соли 2021 дар Қирғизистон боз шуда буданд, ба поён расида, аммо дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст.
Дар ин бора додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев рӯзи 6 апрел хабар дод.
"Баъди низои соли гузашта парванда боз шуд, ҳаҷми зарар муайян гардид. Айбдоршавандаҳо – шаҳрвандони кишвари дигар ҳастанд. Тафтиш ба поён расид, аммо парвандаҳо мутаваққиф шудаанд, зеро дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст", – гуфт Зулушев.
Вай ҳамчунин гуфт, ки "ҷониби Тоҷикистон зарари расидаро ҷуброн накардааст".
Моҳи декабри соли 2021 додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро ба 20-солии зиндон маҳкум кард. Ҳар дуи онҳо дар "Ҷинояти зидди сулҳ" ва "Ғоратгарӣ" айбдор шуданд. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд, ки баъди низои баҳори соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушода шуда буданд.
Дар натиҷаи низоъи рӯзҳои 28-30 апрел, 189 шаҳрванди Қирғизистон зиён дида, 36 кас фавтид. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта шуда, 87 каси дигар ҷароҳат бардошт.
Ҳар ду ҷониб дар сар задани низоъи марзӣ ҳамдигарро айбдор мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.