Як сокини Мастчоҳ бо ҷурми гароиш ба ДОИШ 7 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини Мастчоҳ барои тарғиби ғояҳои ташкилоти террористии ДОИШ* ва иштирок дар фаъолияти он айбдор гардида, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар телеграм-канали худ иттилоъ медиҳад, ки Рустам Мирзоев, сокини 45-солаи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан аъзои ташкилоти террористии ДОИШ гардида, тавассути саҳифаҳои […]

Asia-Plus

Як сокини Мастчоҳ барои тарғиби ғояҳои ташкилоти террористии ДОИШ* ва иштирок дар фаъолияти он айбдор гардида, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар телеграм-канали худ иттилоъ медиҳад, ки Рустам Мирзоев, сокини 45-солаи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан аъзои ташкилоти террористии ДОИШ гардида, тавассути саҳифаҳои интернетии худ амалу рафтори аъзоёни онро ҷонибдорӣ ва паҳн мекардааст.

Аммо гуфта намешавад, ки Рустам Мирзоев кай ва дар чӣ шароите боздошт гардидааст.

Танҳо зикр мегардад, ки ӯ барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористидошта айбдор шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Назари маҳкумшуда ва наздикону вакили дифоаш маълум нест.

Бояд гуфт, қаблан Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2024 дар кишвар 226 аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир гардида, 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ихтиёран ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ  озод шуданд. Ҳамчунин, дар натиҷаи доир кардани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар умум 1 ҳазору 589 аъзои равия ва созмону ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.