Размикори тоҷик Самандар Муродов дар мусобиқаи Road to UFC рақобат мекунад

Размикори тоҷик Самандар Муродов (10-0) ва амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-2) шаби 24 август дар мусобиқаи Road To UFC, ки дар Лас-Вегас баргузор мешавад, бо ҳам рақобат мекунанд. Лекин ин ҳоло маънои онро надорад, ки дар сурати пирӯзӣ имзои қарордод бо UFC  кафолат дода мешавад, чунки Муродов аллакай як бор дар Road To UFC ғолиб омада […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикори тоҷик Самандар Муродов (10-0) ва амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-2) шаби 24 август дар мусобиқаи Road To UFC, ки дар Лас-Вегас баргузор мешавад, бо ҳам рақобат мекунанд.

Лекин ин ҳоло маънои онро надорад, ки дар сурати пирӯзӣ имзои қарордод бо UFC  кафолат дода мешавад, чунки Муродов аллакай як бор дар Road To UFC ғолиб омада буд, аммо ба ин Лига дохил нашуд. Ахиран аз 30 размикоре, ки дар ин мусобиқа ғалаба карданд, танҳо 10 нафарашон бо UFC шартнома бастанд.

"Мо бо даста ва ҳайати мураббиён охирин омодагиҳоро пеш аз марҳалаи муҳим – сафар ба Амрико ба анҷом расонидем. Мехоҳам ба клуби худ «Ахмат» – Тоҷикистон, бародарони бузург, шарикони ҳариф (спарринг) ва ҳар касе, ки дар ин роҳ паҳлӯямон буд ва кӯмак расонд, миннатдории худро изҳор намоям. Дар пеш – даъватҳои нав ва пирӯзиҳо ва ман медонам, ки бо чунин даста дар паси ман мо метавонем аз уҳдаи ҳар гуна вазифаҳо бароем", – гуфт варзишгар.

Самандар Муродов яке аз варзишгарони маъруфи тоҷик аст, ки дар бораи ӯ ҳамчун размикори оянда дар UFC сухан меронанд, аммо то ҳол имкони сафар ба ИМА барояш муяссар нашудааст.

Моҳи октябри соли 2022 дар Абу-Даби мусобиқаи интихобии Road to UFC барои кишварҳои қораи Осиё баргузор шуд. Дар ин ҷо Муродов дар охирин сонияи раунди якум бар Жан Сикейра ғолиб омад.

Ғайр аз ин, Самандар дар мусобиқа ба хотири ёдбуди Абдулманап Нурмагомедов унвони чемпиони AMC Fight Nights-ро ба даст овард. Он замон Муродов бар Максим Шветс бо нокаути техникӣ дастболо шуд. Дар ҳамин ҳол, дар ин қувваозмоӣ размикори бо дасти ҷароҳатбардошта рақобат карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.