Барқ ва обгармкунак. Гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар шаш моҳи охир

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба арзиши 456,6 ҳазор доллар ба Қирғизистон молу маҳсулот интиқол додааст. Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба сирф баробар буд. Дар ин бора, Ҳакимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар Суғд дирӯз, 14-уми август зимни нишасти хабарӣ бо такя ба маълумоти оморие, ки аз Раёсати минтақавии гумруки […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба арзиши 456,6 ҳазор доллар ба Қирғизистон молу маҳсулот интиқол додааст. Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба сирф баробар буд. Дар ин бора, Ҳакимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар Суғд дирӯз, 14-уми август зимни нишасти хабарӣ бо такя ба маълумоти оморие, ки аз Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дастрас кардааст, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, дар нимсолаи аввали имсол Тоҷикистон аз Қирғизистон ба арзиши 83 ҳазор доллар молу маҳсулот, аз ҷумла ба 2,9 ҳазор доллар қувваи барқ ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 ҳазор доллар кам аст. Нимсолаи аввали соли пор Тоҷикистон аз Қирғизистон ба арзиши 16 ҳазор доллар, аз ҷумла 3,8 доллар қувваи барқ ва 10,5 ҳазор доллар обгармкунакҳои барқӣ ворид карда буд.

Тибқи маълумотҳои омории Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд пеш аз баста шудани марз дар соли 2021 аз кишвари Қирғизистон ба Суғд беш аз 70 навъ мол ворид мешуд. Молу маҳсулоти содиротӣ ҳам беш аз 35  номгӯйро бар дар мегирифт. Дар муддати се соли марзбандиҳои ҷониби Қирғизистон аз 72 номгуй моли воридотӣ 70 номгуй коҳиш ёфта,  ҳамагӣ 2 номгуй боқӣ мондааст.

Ба маълумоти Агентии омори ҶТ, соли 2019 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 54,2 млн долларро ташкил дода, ҳамагӣ ба 1,2% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон баробар буд. Он замон ҳудуди 80%-и ҳаҷми савдои дуҷониба ба интиқоли мол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва каме бештар аз 20% ба содирот аз Тоҷикистон рост меомад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.