Рӯзҳои наздик Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад

Дар қаламрави Тоҷикистон аз 16 то 19 август ҳавои пургарду ғубор дар назар аст. Он  ноҳияҳои ҷанбу ғарб ва марказии вилояти Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва қисмати шимоли вилояти Суғдро фаро мегирад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки ин метавонад ба олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар қаламрави Тоҷикистон аз 16 то 19 август ҳавои пургарду ғубор дар назар аст. Он  ноҳияҳои ҷанбу ғарб ва марказии вилояти Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва қисмати шимоли вилояти Суғдро фаро мегирад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки ин метавонад ба олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) боис гардад.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, ба асари об шудани пиряхҳо дар роҳҳои кӯҳӣ хатари  омадани селҳо, резиши санг ва ярч  аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ва меҳмонони кишвар чунин тавсияҳо медиҳад.

– бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар;

– то ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур пӯшида, ҳамвора онҳоро намнок нигоҳ доред;

– ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;

– духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд чунин тавсияҳо дода мешавад:

– меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулодда бо рақами 112 ва ё телефонҳои Қисми навбатдорӣ: 223-13-11, 93 880 28 19 занг занед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.