Садамаи мудҳиш дар Хуросон. Як нафар ҷон бохтаву 9 кас ҷароҳат бардоштаанд

Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон як нафар ҷон бохта, нӯҳ сокини дигар ҷароҳат бардоштаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса дирӯз, 18-уми август, дар роҳи ҳудуди Хуросони роҳи Душанбе – Бохтар рух додааст. “Соатҳои 10:30 ба вақти маҳаллӣ мошини боркаши “Ҳино” таҳти идораи сокини 33-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон […]

Asia-Plus

Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон як нафар ҷон бохта, нӯҳ сокини дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса дирӯз, 18-уми август, дар роҳи ҳудуди Хуросони роҳи Душанбе – Бохтар рух додааст.

“Соатҳои 10:30 ба вақти маҳаллӣ мошини боркаши “Ҳино” таҳти идораи сокини 33-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Бохтар дар даромадгоҳи ҳудуди ноҳияи Хуросон бинобар аз кор мондани василаи нигоҳдории мошин ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа ронанда ва 8 сокини дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Як нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – менависад ин ниҳод.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардиданд, дида мешавад, ки мошини боркашони “Дулан” дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба чанд мошини худрав бархӯрдааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи садама 7 воситаи нақлиёт зарар дидаанд.

Бояд гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 – 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳо 11,8%, теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва ҳалокшудагон 22,3% зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.