Марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” охири моҳи сентябр ба итмом мерасад

То охири моҳи сентябр анҷоми корҳои марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар Вазорат зикр карданд, ки айни замон корҳои насби таҷҳизоти ҳавософкун, равшанидиҳанда, низоми оташнишонӣ, ноқилҳо ва низоми бехатарӣ ба охир расидааст. “Ба наздикӣ насби панелҳои ҷараёни тағйирёбандаи шиддати миёна […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

То охири моҳи сентябр анҷоми корҳои марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар Вазорат зикр карданд, ки айни замон корҳои насби таҷҳизоти ҳавософкун, равшанидиҳанда, низоми оташнишонӣ, ноқилҳо ва низоми бехатарӣ ба охир расидааст.

“Ба наздикӣ насби панелҳои ҷараёни тағйирёбандаи шиддати миёна ва пастро оғоз мекунем. Онро аз Қазоқистон фармоиш додем. Қисмҳояшон ҳозир дар сарҳади Тоҷикистон қарор доранд ва мунтазирем, ки то охири ҳафта ба мо мерасанд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Зимнан зикр шуд, ки пас аз анҷоми ин корҳо комиссия таъсис дода шуда, омодагии нақбро барои истифода месанҷад.

Ёдрас мекунем, ба идомаи корҳои сохтмон дар нақби мошингарди “Истиқлол” ширкати эронии “Фароб” машғул аст. Арзиши умумии марҳилаи дуюми лоиҳа 11 млн долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 50% аз буҷети Тоҷикистон ҷудо гардида, қисмати боқимонда аз ҷониби Эрон дар шакли таҷҳизот бар асоси бебозгашт пешниҳод шуд.

Маълумотномаи "Азия-Плюс"

Сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол” соли 2003 дар чаҳорчӯби созишномаи дахлдор миёни Тоҷикистону Эрон оғоз гардида буд. Дар аввал ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 корҳои бозсозии нақби “Истиқлол” дубора шурӯъ шуд, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ҷиҳати ҷудо кардани 6 млн доллар маблағи иловагӣ (3 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расиданд.

Лекин сипас соли 2016 муносибатҳо байни кишварҳо ба сардӣ гароида, танҳо соли 2019 бо беҳтар шудани онҳо корҳо аз нав шурӯъ шуданд.

Соли 2021 ҷонибҳо ҷиҳати ҷудо кардани маблағи иловагӣ (5,5 млн доллар аз ҳаоду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расида, корҳо аввали моҳи июни ҳамон сол оғоз шуданд.

Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио