Дар сомона метавон ҳама намуд хидматрасониҳои маҳаллиро, ки ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд баҳогузорӣ кард. Ҳадафи ниҳоии “Mino.tj” мусоидат намудан ба рушди сифати хидматрасониҳои маҳаллӣ бо таъмини шаффофият дар раванди пешниҳоди онҳо аст.
Ҳангоми интихоби маҳсулот ё хидматрасонӣ вақте пешниҳод зиёд асту интихоб номуайян, истеъмолкунанда бо такя ба омилҳои дахлдор ҳамеша ҳаракат мекунад пешниҳоди аз ҳама хуб ва судмандро интихоб намояд. Ӯ дарҳол аввалин ширкати пешомадаро, ки ба хидматрасонии он ниёз дорад, интихоб намекунад, балки каме мулоҳиза намуда, аз байни чанд пешниҳодҳо интихоби муфидро мекобад. Барои мисол, вақте дандон дард мекунад, дандонпизишки хуб меҷӯем, вақте мошин вайрон мешавад, ба устои нағз ниёз дорем, барои фарзандон боғчаи кӯдакона ва мактаби хуб меҷӯем, ба ин монанд, ба тарабхона бо таомҳои болаззат, марказҳои тиббии хидматрасониашон босифат, инчунин ба хидматрасониҳои фармоиши ҷиҳоз, шустушӯи қолинҳо, хушкашӯйӣ ва дигар хидматрасониҳо, ки кори худро ба сифати олӣ анҷом медиҳанд, ниёз дорем.
Аз ҳаёти ҳаррӯзаи худ гуфта метавонем, ки барои интихоби судманд аксарият аз тавсияи наздикону шиносони худ ҳамчун сарчашмаи боэътимод истифода мебаранд.
Танҳо ба тавсияи шиносону наздикон такя кардан хавфи аз даст додани интихобҳои хубтару беҳтарро бештар мекунад, зеро доираи дӯстону шиносон маҳдуд аст. Маҳз ҳамин ҳолат ба сохта шудани сомонаи баҳодиҳии “Mino.tj” сабаб шуд, ки ба шаҳрвандон имкони баҳогузорӣ кардани муассисаҳои хидматрасон ва хондани шарҳу баҳогузории дигар мизоҷонро фароҳам меоварад.
“Сомонаи баҳодиҳии “Mino.tj” бо мақсади ба шаҳрвандон фароҳам овардани имконият барои баҳогузории муассисаҳои хидматрасон, гузоштани рейтинг, матни баҳогузорӣ ва ба таври дастрас ба истифодаи оммавӣ баровардани ин баҳоҳо сохта шудааст. Бовар дорем, ки баҳогузорӣ дар раванди пешниҳоди хидматрасонӣ кафили шаффофият хоҳад буд, ки ин дар навбати худ боиси боло рафтани сатҳу сифати хидматрасониҳо шуда, барои мизоҷон дар интихоби дуруст роҳбалади боэътимод мегардад”, – қайд намуд Комрон Ғиёсӣ, роҳбар ва ҳаммуассиси сомонаи “Mino.tj”
“Хушбахтона, дар ҳафт соли охир, баъди ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ, суръати рушди ҳаматарафаи шаҳр ба куллӣ тағйир ёфт. Рушди динамикии он бо афзоиши мунтазами шумораи муассисаҳои нав пайваста ифтитоҳ ёфта, ҳамзамон пешниҳодҳои сершумори ҳама гуна номгӯи хидматрасониҳоро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти маҳаллӣ рӯйи кор меорад. Бо назардошти ин тамоюли мусбат, тавассути баҳоҳои мизоҷон сомонаи “Mino.tj”-ро ҳамчун восита барои таъмини рақобати шаффоф ва бедор кардани ҳисси баланди масъулияти муассиса баҳри пешниҳоди хидматрасонии баландсифат мавқеъгирӣ кардем”, – мегӯяд Комрон.
Афзалиятҳои асосии сомона
Дар сомона ҳама муассисаҳои хидматрасони маҳаллиро дарёфт кардан мумкин аст. Соҳаҳо ва номгӯи хидматрасониҳо ба категория ва тегҳои мухталиф ҷудо карда шудаанд, ки ба дархости зуд ва дақиқи ҷустуҷӯ мусоидат хоҳанд кард. Корбар метавонад матни дархости худро дар хати системаи ҷустуҷӯии дохилии сомона нависад ва ҷустуҷӯ анҷом диҳад, ё дар формати навигатсионӣ бо пахш кардани тугмаҳои матнии омода аз рӯйи категорияҳо гузарад. Дар баробари рӯйхати натиҷаҳои ҷустуҷӯ, ҳама муассисаҳо дар харитаи интерактивии шаҳр низ нишон дода мешаванд.
Илова бар ин, аз рӯйи хусусиятҳои муассиса низ филтр кардан мумкин аст. Ба монанди боғчаҳои кӯдаконае, ки хидматрасонии бурда ва овардани кӯдакро доранд, тарабхонаҳо бо айвон, мағозаҳое, ки хариди бонасия пешниҳод мекунанд, озмоишгоҳҳое, ки хидматрасонии ба хонаи бемор омада таҳлили хун гирифтани ҳамшираи шафқатро таъмин мекунанд.
Функсияи аз рӯйи нишонаҳо филтркунӣ низ пешниҳоди корбарон гардидааст. Аз рӯйхати тайёр корбар метавонад нишонаро интихоб намуда, филтр анҷом диҳад. Барои мисол, агар корбар дар ҷустуҷӯи мағозаҳои қаннодӣ дар маҳаллаи 82-юм бошад, пас дар рӯйхати натиҷаҳои ҳама мағозаҳои қаннодии шаҳр, метавонад натиҷаро аз рӯйи нишонаҳо бо интихоби маҳаллаи 82-юм анҷом диҳад.
Дар саҳифаи муассиса метавон маълумот барои тамос, соатҳои корӣ, хусусиятҳо, акс ва баҳоҳои аз ҷониби корбарон гузошташударо пайдо кард. Инчунин суроға ва пини муассиса дар харитаи интерактивӣ ишора карда шудаанд, ки бо ёрии он метавон хатсайр гузошта, тариқи навигатор ҳаракатро ба самти лозима шурӯъ кард.
Мино Бизнес
Барои соҳибмулкон функсияҳои идоракунии саҳифаи муассисаи худ низ пешниҳод шудааст. Соҳибмулкон метавонанд мустақилона муассисаи худро бо пур кардани маълумоти асосӣ дар интерфейси сода ва қулай ба сомона илова намоянд ё барои назорат аз болои саҳифаи аллакай мавҷудбудаи ширкати худ дар сомона, ки ҳанӯз тасдиқ нашудааст, дархост ирсол намоянд.
Пас аз тасдиқ шудан аз тарафи модераторон, соҳибмулк ба функсияҳои бизнес-аккаунт дастрасӣ пайдо хоҳад кард, ки пас аз он метавонад ба баҳоҳои гузоштаи корбарон посух диҳад, маълумоти асосӣ ба монанди суроға, рақами телефон, вақти кориро тағйир диҳад, омори трафик ва кликҳоро дар саҳифаи худ назорат намояд, акс илова намояд, ба корбар паёми шахсӣ ирсол кунад, дастрасии иловагӣ ба менеҷер ё корманди худ диҳад. Ҳамчунин, бахши хӯроки умумӣ меню, мағозаҳо маҳсулот ва бахши хидматрасонӣ номгӯи хидматрасониҳои худашонро бо нархнома метавонанд илова кунанд. Кулли иттилои иловашудаи соҳибмулк дар саҳифаи муассиса дар “Mino.tj” дар интерфейси хело ҳам зебо ва дӯстона ба корбарон нишон дода мешаванд. Маълумоти муфассалро метавон тавассути пайванди “business.mino.tj” дастрас намуд.
Mino.tj дар оинаи ташаббусҳои стратегии давлату ҳукумат
“Бо дастгирӣ ёфтан аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва рақамикунонии босуръати соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, ки барои истифодаи технологияҳои информатсионӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд, мо ҳамаҷониба саъю кӯшиши худро ба таври динамикӣ ба таҳия кардани сомона равона сохтем, то ки он ба хусусиятҳои хоси талаботи бозори дохилӣ мусоидат карда тавонад.
Ба гунаи мисол, бо назардошти зарурат ва эҳтиёҷоти меҳмонони хориҷӣ, сомонаро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намудем. Ба ин васила, номгӯи тамоми ниҳодҳои давлатӣ низ бо тарҷумаи забонҳои дар боло зикршуда ба сомона илова шудаанд, ки ин ба меҳмонони муваққатии мо имконот фароҳам меорад, то ниҳодҳои давлатиро бо тарҷумаи дилхоҳ номгӯи онҳо ҷустуҷӯ карда, маълумоти заруриро пайдо намоянд.
Мисоли дигар, баҳри тақвият бахшидан ба инфрасохтори сайёҳӣ барои навигатсияи беҳтар ва қулайтари сайёҳон пас аз будубош, бо истифода аз сомона метавон ошхонаҳои миллӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар объектҳои ба сайёҳон заруриро ба осонӣ дарёфт кард. Ҳамчунин, барои гирифтани пули нақд аксарияти онҳо аз кортҳои байналмилалии бонкӣ, аз қабили Visa, MasterCard, UnionPay истифода мебаранд, аммо на ҳама банкоматҳои дохили шаҳр, барои мисол, MasterCard-ро қабул мекунанд. Бо такя ба ин вазъият, мо функсияи ҷустуҷӯ ва филтр кардани банкоматҳоро аз рӯйи намуди кортҳои бонкии қабулшаванда ҷорӣ кардем. Сайёҳ метавонад ба осонӣ банкоматҳоро ҷустуҷӯ карда, навъи кортро ҳамчун филтр интихоб кунад ва банкоматҳоеро, ки масалан кортҳои MasterCard ё дигар кортҳоро қабул мекунанд, пайдо намояд”, – мегӯяд Комрон.
Умед ба ояндаи дурахшон
“То имрӯз, аз он дастовардҳои назаррасе, ки бо лоиҳаи “Mino.tj” ба даст овардаем, хеле шод, шукргузор ва пур аз умед ба ояндаи пурбор ҳастем. Аз рӯзи аввал ҳадафи меҳварии мо ниёзи хосаи истеъмолкунандагони маҳаллӣ ва талаботи мушаххаси бозори дохилӣ қарор гирифта буд. Мақсади мо ба бозор пешниҳод кардани маҳсулоти комилан нави инноватсионӣ ва ташаккул додани он дар мувофиқа бо ин маҳсулот набуд, балки бо таҳлил аз рафтор ва эҳтиёҷоти хосаи истеъмолкунандаи маҳаллӣ қонеъ кардани ин ниёзҳо бо роҳҳои ҳалли инноватсионӣ буд. Барои мисол, дар “Mino.tj” метавон пухтупазҳои хонагиро бо хидматрасонии бурдарасонӣ, фитнес-клубҳои дорои толори алоҳида барои занон, ошхонаҳои миллӣ бо қабули оши фармоишӣ барои тӯю маъракаҳо, ки хоси бозори мост дарёфт кард ё бо пайгирӣ аз тамоюлҳои нав рӯйхати тамоми нуктаҳои пуркунии мошинҳои барқиро дар харита дид.
Вожаи «мино» дар шакли исм ду маъно дорад: «шиша» ва «манораи баланди чароғдор». Хусусияти сифатии онҳо «шаффофият» ва «роҳнамо» аст. Аз ин дидгоҳ, умед ба он дорем, ки сомонаи Mino.tj бо таъмини шаффофият ҳамчун шиша тавассути баҳоҳои корбарон, омиле баҳри боло бурдани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва роҳнамо, ҳамчун манораи баланди чароғдор, барои дарёфти беҳтарин хидматрасониҳои маҳаллӣ хоҳад гашт. Рӯз аз рӯз зиёд шудани теъдоди корбарони “Mino.tj” аз он шаҳодат медиҳад, ки мо роҳи дурустро интихоб кардаем. Мо ҷавонони даврони истиқлол, аз имкониятҳое, ки имрӯз дар кишвари азизамон вуҷуд доранд, аз самими қалб супосгузор мебошем”, – қайд намуд Комрон.


