Дар Душанбе мусобиқаи Ҷоми президент оид ба теннис доир мегардад

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалии теннис барои дарёфти Ҷоми президент байни наврасон баргузор мешавад. Мусобиқа аз 1 то 7 сентябр дар маҷмаааи варзишии “Қасри теннис” гузаронида шуда, дар он варзишгарони зиёда аз 15 кишвар иштирок мекунанд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, муобиқа дар 2 категорияи синнусолӣ: то […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалии теннис барои дарёфти Ҷоми президент байни наврасон баргузор мешавад. Мусобиқа аз 1 то 7 сентябр дар маҷмаааи варзишии “Қасри теннис” гузаронида шуда, дар он варзишгарони зиёда аз 15 кишвар иштирок мекунанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, муобиқа дар 2 категорияи синнусолӣ: то 13-сола ва 14-16-сола доир мегардад. Мусобиқаҳо ҳам инфиродӣ ва ҳам дар ҷуфтҳо байни наврасону духтарон сурат мегиранд.

Мутобиқи регламенти байнулмилалӣ, ба тақдими мукофотпулӣ ба наврасони синни то 18-сола иҷоза дода намешавад. Ба ивази ин ба ғолибону ҷоизадорон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ноутбуку планшет ва телефонҳо супурда мешаванд.

Иштироки худро дар ин мусобиқа то ин дам варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Туркманистон, Чин, Ҳиндустон ва Эрон, Канада, Руминия ва Кореяи Ҷанубӣ тасдиқ кардаанд. Дар Федератсияи тенниси Тоҷикистон зикр карданд, ки ҷараёни тасдиқи иштироки варзишгарон аз дигар давлатҳо айни замон идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки аввалин мусобиқаи байнулмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2005 доир гардида, соли 2021 он ба тақвими мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии теннис дохил шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.