Арманистон узвияташро дар СПАД боздошт

Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) боздошт. “Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои СПАД боз доштааст ва дар ин марҳала ин иқдом кофӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир барои тасмими дигар заруратеро намебинем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо даст ба иқдоми навбатӣ нахоҳем зад”, – изҳор дошт сарвазири Арманистон […]

centralasian.org

Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) боздошт.

“Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои СПАД боз доштааст ва дар ин марҳала ин иқдом кофӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир барои тасмими дигар заруратеро намебинем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо даст ба иқдоми навбатӣ нахоҳем зад”, – изҳор дошт сарвазири Арманистон Никол Пашинян.

Сарвазири Арманистон дақиқ нагуфт, ки кишвараш кай аз ҳайати СПАД берун мешавад. Ӯ танҳо гуфт, ин кор замоне сурат мегирад, ки мақомоти Арманистон онро лозим донанд.

Қаблан Пашинян гуфта буд, Ереван барои бурунрафт аз ҳайати СПАД омодагӣ мебинад.

Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.

Пашинян ва чанд мақоми дигари ҳукумати Арманистон гуфтанд, ки дар талоши гуногунсозии сиёсати хориҷии кишварашон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст