Нархи журнали синф чанд сомонӣ аст? Вазорати маориф ва илми кишвар посух дод

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши журнали синфро барои соли хониши 2024-2025 эълон кард. Соли ҷорӣ барои пешгирии фурӯши он дар мағозаву дӯконҳои савдои китоб ҳар як номгӯйи он рақамгузорӣ шудааст. Тибқи фармоише, ки Вазорати маориф ва илм ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол кардааст, барои хонандагони синфҳои 1-4 арзиши журнали синф 38 […]

Шоира Мадалиева, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши журнали синфро барои соли хониши 2024-2025 эълон кард. Соли ҷорӣ барои пешгирии фурӯши он дар мағозаву дӯконҳои савдои китоб ҳар як номгӯйи он рақамгузорӣ шудааст.

Тибқи фармоише, ки Вазорати маориф ва илм ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол кардааст, барои хонандагони синфҳои 1-4 арзиши журнали синф 38 сомонию 80 дирам ва барои хонандагони синфҳои 5-11 он 42 сомонию 51 дирам муайян шудааст.

Бояд гуфт, тибқи банди 9-и дастури “Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ” Вазорати маориф ва илми кишвар бо назардошти фоизи сесолаи беқурбшавии асъори миллӣ ва барои пардохти хароҷоти зарурӣ оид ба нигоҳдории Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ 10% ба арзиши китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ илова намуда, бо фармоиши худ ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол кардааст.

Дар поёни саҳифаи охири журнали синф барои синфҳои 1-4 нархи он 35,2 сомонӣ ва барои синфҳои 5-11 38,6 сомонӣ навишта шудааст. Вале бо назардошти талаботи банди 9, ки дар боло зикр шуд, нархи журнали синф барои соли хониши 2024-2025 муайян гардидааст.

Соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии фурӯши журнали синф дар мағозаву дӯконҳои савдои китоб ҳар як номгӯйи он мувофиқи тавсифномаи техникӣ ба таври алоҳида рақамгузорӣ карда шудааст.

Пули журнали синф аз ҳисоби суратҳисоби махсуси худи муассисаҳои таълимӣ бояд пардохт карда шавад, на аз ҳисоби волидони хонандагони мактаб.

Журнали синф ҳуҷҷати давлатӣ буда, он барои як соли таҳсил пешбинӣ мешавад.

Солҳои қаблӣ ҳолатҳои ҷамъоварии маблағ аз хонандагон барои журнали синф мушоҳида мешуд, ки дар аксар ҳолат боиси эътирози сокинон мегашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.