Ҷашни Рӯзи дониш дар тарабхона. Хонандаи синфи 11 шароб нӯшидааст

Рӯзи 1 сентябр як гурӯҳ хонандагони синфҳои болоии яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар тарабхонаи “Роҳат” зиёфат ташкил намуда, меъёрҳои қонунгузориро риоя накардаанд. Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 1-уми сентябр кормандони милитсия бо мақсади риояи қонуни ҶТ "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" як қатор чорабиниҳои мақсаднок […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзи 1 сентябр як гурӯҳ хонандагони синфҳои болоии яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар тарабхонаи “Роҳат” зиёфат ташкил намуда, меъёрҳои қонунгузориро риоя накардаанд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 1-уми сентябр кормандони милитсия бо мақсади риояи қонуни ҶТ "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" як қатор чорабиниҳои мақсаднок гузарониданд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа муайян карда шуд, ки 11-нафар хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 МТМУ 56 ноҳияи Сино бар хилофи талаботи қонуни мазкур амал намуда, ба муносибати Рӯзи дониш дар тарабхонаи "Роҳат" зиёфат ташкил намудаанд.

“Зимни ба мақомоти милитсия дастрас намудан, ҳамзамон муайян карда шуд, ки як нафар хонандаи синфи 11 муассисаи мазкур машрубот истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ қарор дорад”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 11-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

“Ҳамзамон нисбати маъмурияти тарабхонаи мазкур тибқи талаботи моддаи 464 КҲМ Тоҷикистон барои ба ноболиғ ба фурӯш гузоштани машрубот протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд”, – зикр мешавад дар хабар.

Раёсат бори дигар аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн талаб кардаааст, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намуда, дар таълиму тарбияи наврасон масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.