Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд

Date:

Мактаби №15-и ноҳияи Ховалингро ба номи Шуҳрат Наҷмиддинзода, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2022 дар даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷон бохта буд, гузоштанд. Дар ин бора волидони Наҷмиддинзода ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ҷамшед Наҷмиддинзода, падари Шуҳрат Наҷмиддинзода дар як тамоси телефонӣ гуфт, мактабе, ки ба номи писараш гузоштанд, навбунёд буда, дар зодгоҳи афсари ҷонбохта деҳаи Дараи Мухтори деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст.

“Ду сол пеш пешниҳод карда буданд, ки мактаби №15 ба номи фарзанди ҷонбохтаи ман гузошта шавад ва ниҳоят масъулин қарори дахлдорро қабул карданд. Баъдан мо бо маблағи худ “банер” (табло)-и ёдгорӣ ва тарҷумаи ҳолашро омода карда, дар мактаб гузоштем”,-гуфт падари Шуҳрат Наҷмиддинзода.

Мактаби навбунёди №15 рӯзи 4-уми сентябр, як рӯз пеш аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон, ифтитоҳ шуд ва дар он раиси вилояти Хатлон, вазири маориф ва илм ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ширкат карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Момагул Мирзоева, модари Шуҳрат Наҷмиддинзода гуфт, хурсанд аст, ки фарзандаш боиси ифтихори насли нави Тоҷикистон мешавад ва аз доштани чунин писар сарфароз аст.

Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз 30-юми июли соли 2023 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25-уми декабри соли 2023 дар бораи номгузории мактаби мазкур ба исми Шуҳратҷон Наҷмиддинзода ба тасвиб расидаанд, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” шуд.

Шуҳратҷон Наҷмиддинзодаи 33-сола зодаи ноҳияи Ховалинг буд ва қабл аз кушта шудан дар симмати муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара фаъолият мекард. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри соли 2022, ҳангоми муқобилият ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ҷони худро аз даст дод. Аз марҳум 1 духтар ятим монд.

Номгузории мактабу кӯчаву хиёбонҳо барои поси хотири қурбониёни низои марзӣ таҷрибаи нав нест. Қаблан, дар шаҳри Исфара 11 мактаб ва 34 кӯчаи дигар ба номи шаҳидони муноқишаҳои марзӣ гузошта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми декабри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро имзо кард ва ҳадафи он гиромидошти хотираи шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалок шудаанд, мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...