Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид

Президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 тасдиқ карда шавад. Тавре ки дар портали Пойгоҳи милии маълумоти қонунгузории Ӯзбекистон хабар дода мешавад, ин протокол 18 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 тасдиқ карда шавад.

Тавре ки дар портали Пойгоҳи милии маълумоти қонунгузории Ӯзбекистон хабар дода мешавад, ин протокол 18 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд.

Тибқи қарори Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷӣ дастур дода шудааст, ки “ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи иҷрои расмиёти дохилии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани шартномаҳои байнулмилалии мазкур, инчунин мақомоти салоҳиятдори масъул барои татбиқи онҳо” огоҳиномааи дахлдор фиристода шавад.

Чунин мақомот Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон муқаррар шудааст.Дар санад соддатар кардни гузариши транзитии автомашинаҳои боркаш тариқи қаламрави ҳарду кишвар пешбинӣ шудааст.

“Мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд. Тартиби нав баъди тасвиби (ратификатсияи) Протокол аз ҷониби ҳарду давлат  мавриди амал қарор мегирад”, – хабар дода буд қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

“Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад”, – шарҳ дода буд Вазорат.

Рухсатнома – санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.

Санади мазкур дар Тоҷикистон ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.

Акнун барои он, ки протокол мавриди амал қарор гирад, он бояд аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан, дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамасола тавассути қаламрави ду кишвар беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни  рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.

“Ин тадбирҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитии минтақа андешида мешаванд”, – зикр мекунанд дар Вазорат.

Моҳи майи соли ҷорӣ ронандагони мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҷиҳати ба дарозо кашидани ҷараёни ҳалли масъалаи гузариши транзити тариқи қаламрави Ӯзбекистон бидуни рухсатнома шикоят карда буданд.

Аз ин пештар зикр карда буданд, ки рухсатномаро тариқи миёнаравҳо бо нархи баланд дастрас мекунанд. Моҳи сентябри соли 2021 ронандагони мошинҳои боркаш ба масофаҳои дур ҳатто дар назди бинои Вазорати нақлиёт даст ба гирдиҳамойӣ зада буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.