Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед

Вазорати корҳои дохилии Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ дархост намудааст, ки маълумоти шахсонеро, ки чанде пеш шаҳрвандии Русияро дарёфтаанд, ба онҳо пешниҳод намоянд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта намояндаи ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст. Бино ба навиштаи ӯ, чунин шахсоне, ки худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ дархост намудааст, ки маълумоти шахсонеро, ки чанде пеш шаҳрвандии Русияро дарёфтаанд, ба онҳо пешниҳод намоянд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта намояндаи ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст.

Бино ба навиштаи ӯ, чунин шахсоне, ки худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.

“ВКД Русия тибқи қонунгузорӣ ба чораҷӯиҳо ҷиҳати аз шаҳрвандӣ маҳрум намудани шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанду уҳдадории худро ба қайди ҳарбӣ гузоштан иҷро накардаанд, оғоз мекунад”, – навиштааст ӯ.

Ирина Волк ҳамчунин хабар додааст, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2024 барои содир намудани қонуншикнаиҳо 1117 нафар аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаанд.

Тибқи маълумоти The Moscow Times, барои ошкор кардани шахсоне, ки шаҳрвандиро дарёфта, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, дар шаҳрҳои Барнаул, вилояти Мурманск, кишвари Ставропол ва Екатеринбург рейдҳо гузаронида мешаванд.

Қонуни маҳрумият аз шаҳрвандии гирифташуда дар ҳолати саркашӣ аз қайди ҳарбӣ аз ҷониби Владимир Путин 8 августи соли равон имзо шудааст. Мувофиқи ин қонун, шахси хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, бояд дар давоми ду ҳафта пас аз бақайдгирӣ дар маҳалли зист худро ба қайди ҳарбӣ гузорад.

Тибқи қонунгузорӣ, бе шаҳодатномаи ҳарбӣ чунин шаҳрвандон наметавонанд кори қонунӣ пайдо кунанд.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар моҳи июни соли ҷорӣ хабар дода буд, ки тақрибан 10 ҳазор муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, иштирокчии ҷанг дар ҳайати артиши Русия шудаанд.

Аз оғози низои Русия ва Украина чандин маротиба зикр шуд, ки дар ҷойҳои иқомати муҳоҷирони зиёд рейдҳо гузаронида шуда, ба баъзеи онҳо даъватномаҳо ба комиссариати ҳарбӣ супурда шудаанд. Шаҳрвандони хориҷиро инчунин барои бастани шартномаҳои ҳарбӣ ҷалб мекарданд.

Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират, дар қаламрави Русия 12 млн муҳоҷир қарор доранд, ки аксари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Аз аввали соли 2024 кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия зиёда аз 65 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ намуда, барои 120 ҳазор муҳоҷир вурудро ба кишвар манъ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио