Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳони футзалро бо бохт оғоз кард

Date:

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин рақобати худ дар Ҷоми ҷаҳони футзал аз мунтахаби Марокаш шикаст хӯрд.

Ин рақобат дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи 2 бар 4 ба нафъи Марокаш анҷом ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Голи аввалин ва таърихии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзалро Самандар Ризомов, бозигари дастаи “Соро компания” ба ҳадаф расонд. Файзалӣ Сардоров, ҳамдастаи Самандар голи дуюми дастаи моро вориди дарвозаи рақиб кард.

Пас аз ин шикаст Тоҷикистон дар зинаи сеюми гурӯҳи “Е” қарор гирифт. Садрнишини ин гурӯҳ мунтахаби Пуртуғол (Португалия) аст, ки бо натиҷаи бузурги 10 бар 1 Панамаро шикаст дод. Миллипӯшони Марокаш дар зинаи дуюм ҷо гирифтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Футзалбозони тоҷик дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ рӯзи 19-ум сентябр ба масофи Пуртуғол мераванд.

Бояд  гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.

Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.

Тоҷикистон барои  аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.

Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...