Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Остона рафт

Субҳи имрӯз, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии дуввуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ –Олмон” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад. Манбаъ навишт, ки дар ин сафар президентро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии дуввуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ –Олмон” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки дар ин сафар президентро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон имрӯз, 17-уми сентябр дар Остона бо ширкати сарони 5 давлати Осиёи Марказӣ ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс баргузор мешавад.

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Олаф Шолтс ё дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ин нишаст суҳбати хоса анҷом медиҳад ё не.

Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.

Дар ҳошияи нишасти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио