Моҳи октябр: аз нимаи дуюми моҳ ҳарорат поин меравад

Моҳи октябр дар Тоҷикистон аз ҳавои гарм оғоз шуда, лекин аз нимаи дуюми моҳ ҳарорат аллакай ба таври назаррас поин меравад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ 14+16º гармиро ташкил медиҳад. Дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи октябр дар Тоҷикистон аз ҳавои гарм оғоз шуда, лекин аз нимаи дуюми моҳ ҳарорат аллакай ба таври назаррас поин меравад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ 14+16º гармиро ташкил медиҳад.

Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо баланд шуда, рӯзона то 24+29º ва шабона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ҳарорат шабона то 4-13 дараҷа гарм поин рафта, рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар сатҳи 28-35 мм пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳарорати миёна дар водиҳо 14-15 ва дар кӯҳҳо 6-9 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Дар аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо то 22-27 дараҷа ва дар нимаи дуюми ва охири моҳ дар ҳудуди 12-18 дараҷа гарм ва шабона то 3-11 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар водиҳо 17-33 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15-28 мм пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ дар даҳаи аввали моҳ рӯзона то 20-25 дараҷа ва шабона – то 17 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳ поинравии ҳарорат дар назар аст: шабона то 4 ва рӯзона то 17 дараҷа гарм.

Дар шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи 4 даарҷа хунук пешбинӣ мешавад: агар дар аввали моҳ ҳарорат то 12 дараҷа гарм шавад, пас дар охири моҳ ин нишондиҳанда то 5 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳарорати шабона аз нимаи моҳ поин рафта, то охири моҳ ба 10-20 дараҷа хунук мерасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.