Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» тасдиқ кард. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки ҳуҷҷат содда кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» тасдиқ кард.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки ҳуҷҷат содда кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави ду кишвар пешбинӣ менамояд.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии кишвар зиёда аз 36 ҳазор ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Ӯзбекистон анҷом медиҳанд ва тибқи Пртоколи имзошуда, акнун ҳамлу нақли транзитии  воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад

“Гап дар бораи ба истилоҳ варақаҳои «дозвол» (рухсатнома) меравад, ки ҳуҷҷати якдафъаина буда, ба истифодаи воситаи нақлиёти дар қаламрави як давлат сабтшударо дар қаламрави давлати дигар барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад”, – шарҳ дода мешавад дар хабари Вазорат.

Вазир хотиррасон намуд, ки Протокол ба Созишнома 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд. Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ба санад бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду кишвар, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ оид ба табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ворид карда шудааст.

Қаблан нимаи моҳи сентябр хабар дода шуда буд, ки Ӯзбекистон расмиёти дохилии давлатиро оид ба соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистон ба анҷом расонид.

Акнун барои он, ки протокол мавриди амал қарор гирад, он бояд аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. Қобили зикр аст, ки қарордоди байнулмилалӣ (ҳам дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба) тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар баробари қонун дар бораи Буҷети давлатии кишвар барои баррасӣ ба палатаи болоии парлумон фиристда намешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли ҷорӣ ронандагони мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҷиҳати ба дарозо кашидани ҷараёни ҳалли масъалаи гузариши транзити тариқи қаламрави Ӯзбекистон бидуни рухсатнома шикоят карда буданд.

Аз ин пештар зикр карда буданд, ки рухсатномаро тариқи миёнаравҳо бо нархи баланд дастрас мекунанд. Моҳи сентябри соли 2021 ронандагони мошинҳои боркаш ба масофаҳои дур ҳатто дар назди бинои Вазорати нақлиёт даст ба гирдиҳамойӣ зада буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.