Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ

Бонки осиёии рушд (БОР) 15 млн доллар маблағгузории иловагии грантиро барои лоиҳаи дубора пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тавассути хатҳои шабакавии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонк хабар медиҳад. Маблағҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки байни зеристгоҳи «Суғд» дар шимоли Тоҷикистон ва зеристгоҳи «Сирдарёи Нав» дар […]

Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) 15 млн доллар маблағгузории иловагии грантиро барои лоиҳаи дубора пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тавассути хатҳои шабакавии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонк хабар медиҳад.

Маблағҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки байни зеристгоҳи «Суғд» дар шимоли Тоҷикистон ва зеристгоҳи «Сирдарёи Нав» дар Ӯзбекистон хати нави интиқоли барқ бо шиддати 500 киловолт сохта шавад. Ин имконият медиҳад, ки иқтидори содирот ва воридоти нерӯи барқ байни кишварҳои низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, афзоиш ёбад ва зерсохторҳои зарурӣ барои пешгирии садамаҳои шабакавӣ тақвият дода шаванд.

Дар доираи лоиҳа инчунин омодагии низоми энергетикии Тоҷикистон барои хидматрасониҳо оид ба танзими ҷараён ва басомади нерӯ барои муттаҳидсозии устувори энергияи барқароршаванда дар минтақа таъмин мешавад. Дар дурнамои дарозмуддат ин лоиҳа ба унсури асосии нақшаи интиқоли нерӯи барқ аз НБО-и “Роғун” дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

“Тавассути Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) БОР ба таври фаъол тиҷорати минтақавии энергия байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз онро ба роҳ мемонад. Дастгирии мо устувории низоми энергетикии минтақавиро баланд бардошта, ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат мекунад», — гуфтааст директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон – аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия – ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2,1 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио