Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?

Date:

Дар Тоҷикистон қариб 65 ҳазор нафар гирифтори бемории диабети қанд мебошанд. Танҳо дар соли 2023 ҳудуди 800 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Ба гуфтаи мутахасисон, шумора фавтидаҳо аз бемории қанд баъди хуруҷи бемории “Covid-19” бештар гардид.

Бояд гуфт, ки дар давраи бемории ҳамагири коронавирус ҳамчунин, бемориҳои қалб, ҷоғар ва дигар намуди бемориҳои сироятӣ низ хуруҷ кардаанд.

Соҳибназар Зоиров, як намояндаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба “Азия‑Плюс” гуфт, инсон дар ҳолати тарс ва ҳаяҷон низ ба диабети қанд гирифтор мешавад.

“Вақте шахс ҳаяҷонӣ мешавад ва дар ӯ тарсу ҳарос пайдо мешавад лахташавии хун ба вуҷуд меояд, ки ба бемории қанд оварда мерасонад. Дар давраи бемории коронавирус мардум бештар ба тарсу ҳарос афтода буданд, ки ин боиси пойдоиши бемории қанд гардид”,-зикр кард ӯ.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар давраи коронавирус дар баробари диабети қанд ҳамчунин бемориҳои ҷоғар низ бештар шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

“Дар замони коронавирус бемории ҷоғар низ афзоиш ёфт, ки дар натиҷаи паст ё баланд шудани гармонҳо ғадуди сипаршакл ба вуҷуд меояд. Ин гуруҳи бемориҳо низ дар замони пандемия зиёд ба қайд гирифта шудааст”,- гуфт Амриддин Абдураҳмонов, як масъули  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Ба иттилои номбурда, дар давраи коронавирус бемориҳои қалб ва илтиҳоби шуш низ авҷ гирифтааст.

“Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон омори гирифторони бемории диабети қанд дар 21 соли охирро дастрас кард. 

 

Тавре маълум гардид, соли 2015 бақайдгирии ин беморӣ дар кишвар якбора авҷ гирифтааст. Дар  ин сол ҳудуди 10 ҳазор нафар ба бемории диабети қанд мубтало гардидаанд.

Соҳибназар Зоиров гуфт, эҳтимол дар соли 2015 бақайдгирии бемории қанд ва муроҷиати худи шаҳрвандон бештар гардидааст.

“Шояд дар сатҳи зиндагии дар ин сол мушкилот ҷой дошт. Ба ин намуд беморӣ гирифтор шудани шаҳрвандон ба истеъмоли нодурусти ғизо рабт дорад. Шояд муроҷиати шаҳрвандон бештар шудааст. Баъзан мешавад ҳолатҳое, ки сокинон баъди истеъмоли хӯрок тести қанд месупоранд, ки дар ин ҳолат сатҳи қандашон баланд мебарояд. Аммо дар айни ҳол ин нафарон гирифтори бемории қанд нестанд, чунки бо гузашти чанд соате дубора агар анализи хун супоранд, меъёри қандашон хуб мебарояд.”,- гуфт мутахассис.

Бояд гуфт, ки қаблан Ҳукумати кишвар “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017”-ро қабул карда буд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ дар соли 2023-юм 7 ҳазору 680 нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шудааст ва дар соли 2021 дар замони пандемияи Covid-19 қариб 8 ҳазор нафар ба бемории диабети қанд гирифтор шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми январи соли ҷорӣ дар суханронии худ  гуфта буд, ки “…шумораи беморони диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, дар соли 2023-юм 10 ҳазору 674 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 6950  нафар ё 65 фоиз зиёд мебошад”. Аз ин ҷо метавон дид, ки рақами овардаи раисҷумҳур дар суханрониаш ба маълумоти омории Вазорати тандурустӣ мувофиқат намекунад.

Ӯ ҳамзамон ба Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва Матлубахон Сатториён муовини сарвазир супориш дод, ки барои бо инсулин пурра таъмин кардани беморони диабети қанд маблағ ҷудо кунанд ва барои пешгирӣ аз ин беморӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...