Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия 30% афзуд

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ тақрибан беш аз 30% афзуд. Дар ин бора муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нигина Анварӣ ба нашрияи «Известия» хабар додааст. «Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми умумии тавозуни савдои хориҷӣ байни ду кишвар беш аз 70%-ро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, дар давоми […]

Asia-Plus

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ тақрибан беш аз 30% афзуд. Дар ин бора муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нигина Анварӣ ба нашрияи «Известия» хабар додааст.

«Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми умумии тавозуни савдои хориҷӣ байни ду кишвар беш аз 70%-ро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 30% зиёд шуд. Ҳамзамон воридот аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 38% афзудааст», – гуфт ӯ.

Аз ҷумла, интиқоли нахи пахта аз Тоҷикистон ба Русия 62%, сабзавоту мева – 47%, хушкмева – 60% ва зардолуи хушк – 2 баробар зиёд шудааст.

Нигина Анварӣ зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба афзоиши содирот манфиатдор буда, ба пешниҳоди маҳсулоти гуногун омода аст ва даъват намудааст, ки ҳамкорӣ дар ин самт фаъолтар шавад.

«Мо пешниҳод мекунем, ки як корхонаи муштарак таъсис дода шавад, то занҷираҳои мураккаби истеҳсоливу логистикии содироти маҳсулоти кишоварзӣ натанҳо ба Русия, балки ба бисёр кишварҳои дигар низ мунтазам сурат гирифта, истеҳсолкунандагони худӣ бо долонҳои содироти маҳсулот мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо хароҷоти камтар таъмин шаванд», – иброз доштааст муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар масъалаи дастрасӣ ба тухмии хушсифат, ниҳолҳо ва маводи кишт ба мушкилӣ дучор аст. Ба ҳалли ин мушкилот, аз ҷумла Русия бо интиқоли тухмии хушсифат кумак мекунад.

Ҳамкориҳо бештар густариш меёбанд

Дар нашрия зикр мешавад, ки дар ҳафтаҳои охир робитаҳои дуҷониба байни Русия ва Тоҷикистон бештар густариш ёфтанд. Танҳо аз охири моҳи сентябр додситони кулли Русия Игор Краснов ва муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин аз Душанбе боздид карданд.

Чанде пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Маскав ташриф оварда, дар ҷаласаҳои Шӯроҳои сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ иштирок карданд. Дар аввали моҳи октябр ҳайати Шӯрои Федератсия таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Раиси Шӯрои Федератсия изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар шумори афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти байнипарлумонии Русия қарор дорад. Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Ҳаҷми савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар 8 моҳи соли 2024 ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расида, ин нишондиҳагнда 14,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.