Офарандаи яке аз нақшҳо дар филми “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” дар садамае ҷон бохтааст

Воҳидҷон Авезов, офарандаи нақши яке аз ҷанговарон дар филми таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” шаби гузашта, 16-уми октябр, дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Хабари зимни садамаи нақлиётӣ ҷон бохтани Воҳидҷон Авезовро Диловар Сафаров, роҳбари “Dfilm” ва нафаре, ки ба таҳияи филми “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” машғул аст, ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Манбаъ зикр кард, ки садамаи нақлиётӣ […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Воҳидҷон Авезов, офарандаи нақши яке аз ҷанговарон дар филми таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” шаби гузашта, 16-уми октябр, дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Хабари зимни садамаи нақлиётӣ ҷон бохтани Воҳидҷон Авезовро Диловар Сафаров, роҳбари “Dfilm” ва нафаре, ки ба таҳияи филми “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” машғул аст, ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Манбаъ зикр кард, ки садамаи нақлиётӣ шаби гузашта дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ рух дода, дар пайи он якҷо бо Воҳидҷон Авезов боз ду нафари дигар ҷон бохтаанд, аммо ҳувияти онҳо маълум нест.

Ҳамчунин, маълум нест, ки сабаби рух додани садамаи нақлиёт чист. Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.

Тибқи иттилои дастрасгардида, Воҳидҷон Авезови 36-сола сокини ноҳияи Мастчоҳ ва дар хонадон писари ягона будааст. Номбурда ба соҳибкорӣ машғул будааст. Ҷасади ӯро дар зодгоҳаш ба хок супориданд. Аз ӯ се фарзанд боқӣ мондааст.

Ба иттилои Диловар Сафаров, Воҳидҷон Авезов ҳудуди якуним сол ин ҷониб якҷо бо 15 тан аз нафарони дигар, ки барои нақшофарӣ дар ин филм ҷалб шуда буданд, тамрин мекард. Онҳо ҳамагӣ қомати баланд доштанд ва дар филм нақши ҷанговаронро иҷро мекарданд.

Сабти филм ҳоло оғоз нашудааст ва номаълум аст, ки он кай пурра ба навор гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио