Дар Тоҷикистон боз як бонки нав – “Фридом Бонк Тоҷикистон” иҷозаи фаъолият дарёфт кард

Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома додааст. Дар ин бора маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Нисинбаев Даурен Ертаевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон“ мулоқот карда, ба ӯ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома додааст. Дар ин бора маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Нисинбаев Даурен Ертаевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон“ мулоқот карда, ба ӯ дастуру тавсияҳо додааст.

“Дар маросими супоридани иҷозатнома ҷиҳати васеъ намудани шабакаи фаъолияти бонк, ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамӣ дастуру тавсияҳо дода шуд”, – омадааст дар хабар.

Дар навбати худ, Нисинбаев Д.Е. изҳор намудааст, ки ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои мавқеи муносиб пайдо намудан дар бозори хидматрасониҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ва дастуру тавсияҳои додашуда истифода мебарад.

ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” бонки фаръии “Фридом Бонк Қазоқистон” мебошад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, то 1 декабри соли 2023, “Фридом Бонк Қазоқистон”  аз рӯи дороиҳо дар бозори миёнаравии молиявии Қазоқистон мақоми 8-умро ишғол мекард.

Қаблан, моҳи августи соли ҷорӣ, узви Шӯрои директорони ҶСК “Фридом Бонк Қазоқистон” ба “Азия-Плюс” гуфта буд, дар назар аст, ки дар бонки мазкур дар Тоҷикистон як маркази IT-хаб таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2006 "Коммерсбонки Қазоқистон" дар Тоҷикистон бонки фаръии худро бо номи “Коммерсбонки Тоҷикистон” боз кард. Моҳи майи соли 2019 ин бонк тағйири ном кард ва ҳамчун бонки фаръӣ ба “Халиқ Бонки Тоҷикистон” табдил ёфт.

Аммо моҳи ноябри соли 2022 ин бонк саҳмияҳои худро ба Бонки байналмилалии Тоҷикистон фурӯхт ва моҳи сентябри соли 2023 тибқи тавофуқоти пешакии ҷонибҳо ребрендинг гузаронида шуд ва “Халиқ Бонки Тоҷикистон” номи нав – “Активбанк”-ро гирифт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон айни замон дар кишвар 14 бонки анъанавӣ ва 1 бонки исломӣ фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.