Тафтиши ном дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и ВКД-и Русия. Telegram-боти “Азия-Плюс” роҳи осонро пешниҳод мекунад

Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст. Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст. Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст.

Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст.

Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки номи худро дар ин рӯйхат санҷанд, то аз мушкили эҳтимолӣ канорагирӣ кунанд. Аммо ҷустуҷӯи номи худ дар ҷадвали бузург душвор аст.

Барои осон ва содда кардани раванди санҷиш, “Азия-Плюс” Telegram-боти 👉  @apnamecheck_bot фаъол кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар ин рӯйхат будан ё набудани номашонро зуд санҷанд.

 

Бот чӣ хел кор мекунад?

Барои оғози истифодаи бот, лозим аст ба яке аз каналҳои Telegram-и мо обуна шавед: Asia-Plus TJ ба забони тоҷикӣ ё Asia-Plus ба забони русӣ.

P.S. Каналҳои мо муфиданд ва бо мо шумо ҳамеша аз хабарҳои охири Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон огоҳ мешавед. Инчунин, бо ин роҳ, шумо моро дастгирӣ мекунед ва барои эҷоди ғоя ва хидматрасонии нав илҳом мебахшед.

Пас аз обуна шудан ба яке аз каналҳо, ба сӯҳбати бот баргардед ва санаи таваллуди худро дар формати “рӯз.моҳ.сол” ворид кунед.

Бот маълумоти шуморо ба таври худкор санҷида, хабар медиҳад, ки оё номи шумо дар рӯйхат ҳаст ё не.

Ба далели он ки номҳои шаҳрвандон дар ҷадвал ба шаклҳои гуногун (бо забон ва ҳарфҳои тоҷикию русӣ) сабт шудаанд, бот барои ҷустуҷӯ санаи таваллудро истифода мебарад. Барои ҳифзи маълумоти шахсӣ, қисми ҳарфҳои ному насаби шахс бо рамзи * ишора карда мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд номи худро дар сомонаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ санҷанд.

Телефон барои тамос:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40, 250-32-09, 250-32-42

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95, 225-05-89, 225-05-77

ВКД: 227-86-31, 221-98-12, 93 876 26 26, 93 922 06 84

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио