Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд

Date:

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон боздид кардаанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 19% афзуд. Дар ин бора Агенти омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон зиёда аз 1,2 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ҳамин давраи соли 2023 ин нишондиҳанда каме бештар аз 1 млн нафарро ташкил дода буд.

Вуруди аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон – 746,1 ҳазор нафар (беш аз 60% аз теъдоди умумии хориҷиёни воридшуда) ба қайд гирифта шудааст.

Теъдоди вуруди шаҳрвандони дигар кишварҳо тариқи зайл аст:

–  аз Русия – 329 ҳазор;

– аз Қазоқистон – 28,9 ҳазор;

– аз Чин – 21,6 ҳазор;

– аз Афғонистон – 10,4 ҳазор;

– аз ИМА – 9,2 ҳазор;

– аз Эрон – 6,8 ҳазор;

– аз Туркия – 6,1 ҳазор;

– аз Олмон – 5,2 ҳазор;

– аз Қирғизистон – 4,4 ҳазор;

– аз Ҳиндустон – 3,7 ҳазор;

– аз дигар кишварҳо – ҳудуди 52 ҳазор нафар.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 941,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд.

Вуруди сайёҳон ба ҷумҳурӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи гузашта ба миқдори 17,3% зиёд шудааст.

Дар ин давра (моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ) теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҳудуди кишвар берун рафтаанд, зиёда аз 2,6 млн нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда қариб 130 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...