5 кушта ва 22 захмӣ. Ҳамла ба як ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Туркия

Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара ҳадди ақал 5 нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуданд. Тавре BBC бо истинод ба расонаҳои Туркия иттилоъ медиҳад, 23-юми октябр ба ин ширкат ҳангоми ивазшавии муҳофизон се ҳамлагар дастгоҳи таркандаро ба кор дароварда, баъдан оташкушоӣ кардаанд. Дар наворҳое, ки […]

Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара ҳадди ақал 5 нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуданд.

Тавре BBC бо истинод ба расонаҳои Туркия иттилоъ медиҳад, 23-юми октябр ба ин ширкат ҳангоми ивазшавии муҳофизон се ҳамлагар дастгоҳи таркандаро ба кор дароварда, баъдан оташкушоӣ кардаанд.

Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса паҳн гардид, дида мешавад, ки чанд нафар ба сӯйи одамон тир мекушоянд. Чеҳраи баъзе ҳавлаварон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая гуфт, ки ду ҳамлагар, як мард ва як зан кушта шудаанд. Ангезаи ҳамла ва ҳувияти ҳамлаварон то ҳол маълум нест.

Мақомоти Туркия дар ташкили ҳамла ҷудоихоҳони курдро гумонбар медонанд. Алӣ Ерликая гуфт, эҳтимол дар ин кор Ҳизби коргарони Курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ аст, даст дошта бошад. Аммо ҳеҷ далеле пешниҳод накард.

Ҳизби коргарони Курдистон ҳам то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки ҳангоми ҳамла дар шаҳри Қазони Русия, барои иштрок дар саммити БРИКС қарор дошт ва бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот мекард, ин ҳодисаро “ҳамлаи палидона” номид.

“Аз лаҳзаи аввал қувваҳои амниятии мо фавран дахолат карданд ва террористонро безарар гардониданд. Мардуми мо бояд донанд, ки дастони палид, ки ба Туркия дароз шудаанд, ҳатман шикаста хоҳанд шуд. Ҷанги мо бо ҳама гуна таҳдидҳои террористӣ ва тарафдорони терроризм идома хоҳад кард”, – навишт ӯ дар шабакаи иҷтимоии X.

Бояд гуфт Turkish Aerospace – истеҳсолкунандаи асосии техникаи кайҳонӣ ва ҳавопаймоии Туркия мебошад, ки ҳавопаймо, чархбол, паҳпод, ва моҳвора истеҳсол мекунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.