Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд

Date:

Даромадҳои буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо назар ба интизорие, ки ҳукумати кишвар дошт, зиёдтар гардидаст. Ин аз ҳисоботи Вазорати молияи Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои 9 моҳи соли 2024 бармеояд. 

Тибқи нақшаи Вазорати молия, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо бояд 176,3 миллион сомонӣ ворид мешуд. Вале даромади буҷет аз ин сарчашма 327,3 миллион сомонӣ ё 185,6% нақшаро ташкил дод. Ин рақам ба андозаи 83 миллион сомонӣ (34%) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст. 

Соли 2023 дар моҳҳои январ-сентябр ба қисми даромади буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо 244,3 млн сомонӣ ва соли 2022 – 230,3 млн сомонӣ ворид гардида буд. Мутаносибан нақшаҳо аз рӯи ин нишондиҳандаҳо ба андозаи 151,5% ва 216,6% иҷро шуданд.

Яъне тибқи омори расмӣ, ҳар рӯз ба буҷети давлат аз ҳисоби ҷаримаҳо тақрибан 1,2 миллион сомонӣ ворид мегардад. Маблағи ҷаримаҳо 2%-и буҷаи кишварро дар 9 моҳи соли 2024 ташкил медиҳад.

Афзоиши даромадҳо аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ҳолест, ки шикоятҳои мардум аз зиёд шудани маблағи ҷаримаҳо бештар шудааст. Аз ҷумлаи бузургтарин ҷаримаҳо – ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои гузаронидани маросимҳои тӯй, гусел ва пешвози зоирин, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигарон мебошанд. 

Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли ҷорӣ сокинон барои вайрон кардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  7,8 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...