Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад

Дирӯз, 7-уми ноябр дар роҳи Самара-Шимкент як автобуси пур аз мусофир, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, вайрон шудааст. Дар автобус 56 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 4 ноболиғ қарор доштаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст. Автобуси “Van Hool” дар наздикии деҳаи Калибайи вилояти Актюбински Қазоқистон […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дирӯз, 7-уми ноябр дар роҳи Самара-Шимкент як автобуси пур аз мусофир, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, вайрон шудааст. Дар автобус 56 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 4 ноболиғ қарор доштаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.

Автобуси Van Hool” дар наздикии деҳаи Калибайи вилояти Актюбински Қазоқистон вайрон шудааст. Кормандони хадамоти роҳ ронанда ва ҳамаи мусофиронро наҷот дода, ба ҷойҳои бехавф бурдаанд. Касе аз мусофирон ҷароҳат набардоштааст.

Сабаби ин ҳодиса номусоидии ҳаво гуфта мешавад. Дар робита ба ин, пулис шабонарӯзӣ ҳаракатро танзим мекунад ва ба ронандагон кӯмак мерасонад.

Дар бораи будани мусофирони тоҷик дар автобус иттилоъ дода намешавад.

Ҳодисаи ба ин монанд, 5-уми ноябри ҳамин сол рух дода буд. Дар роҳи мазкур автобуси шомили 38 мусофир, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд, шикаста буд.

Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон мусофиронро ба деҳаи Иргиз кӯчонида, ба онҳо кӯмаки зарурӣ расонида буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳолатҳо ба рақами 112 тамос гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.