Вазири фарҳанг ваъда дод, Вазорати тандурустӣ роҳпулӣ ҷудо кард, вале ҳанӯз маблағи табобати Нозим Меликов ҷамъ нашудааст

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар ба дидори коргардони номвар Нозим Меликов рафта, бори дигар ваъда додааст, ки барои табобати бемориаш мусоидат мекунад. Вазорати тандурустӣ ба коргардон маблағи роҳпулии сафар ҷудо кардааст. Вале то ба ҳол маблағи табобати Нозим Меликов, ки 27 ҳазор доллар аст, пайдо нашудааст. Ӯ 14 сол инҷониб гирифтори бемории паркинсон мебошад ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар ба дидори коргардони номвар Нозим Меликов рафта, бори дигар ваъда додааст, ки барои табобати бемориаш мусоидат мекунад. Вазорати тандурустӣ ба коргардон маблағи роҳпулии сафар ҷудо кардааст. Вале то ба ҳол маблағи табобати Нозим Меликов, ки 27 ҳазор доллар аст, пайдо нашудааст. Ӯ 14 сол инҷониб гирифтори бемории паркинсон мебошад ва ҳоло бемориаш беш аз пеш хуруҷ кардааст.

 

Ҳамовозиву нигаронии ҳунармандон

Нозим Меликов рӯзи 5-уми ноябр мавлуд дошт ва бо ин баҳона баҳси табобати ин коргардони муваффақ дигарбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубрам шуд.

Ҳунарпешагони тоҷик Абдулмуъмин Шарифӣ ва Зарина Бадалова дар саҳифаи фейсбуки худ ба ваъади қаблан ба “Азия-Плюс” додаи Вазорати фарҳанг ишора карда, пурсиданд, ки кай табобати Нозим Меликовро оғоз мекунанд?

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам вокуниш нишон доданд ва таъкид намуданд, ки ҳунару истеъдоди Нозим Меликов нотакрор аст ва масъулинро мебояд барои рушду муаррифии беш аз пеши санъату фарҳанги тоҷик ба табобати коргардон мусоидат намоянд.

“Азия-Плюс” бори дигар ин масъаларо пайгирӣ кард.

 

“Нозим Меликовро танҳо намегузорем”​​​​​​​

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг рӯзи 7-уми ноябр, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки масъалаи табобати Нозим Меликов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва вазири фарҳанг шахсан чораҷӯӣ карда истодааст.

Ӯ гуфт, ки Матлубахон Сатториён рӯзи 7-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи театри тоҷик, ба дидори Нозим Меликов рафта, ба рӯзи касбӣ ва зодрӯзаш табрик гуфта, “масъалаи табобатро маслиҳат карданд”.

Ӯ ҷузъиёти ин “маслиҳат”-ро ошкор накарда, танҳо гуфт, ки Вазорати фарҳанг Нозим Меликовро “танҳо ё ба ҳоли худ нахоҳад гузошт”.

Обид Назариён шаш моҳи пеш ҳам ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “Вазорати фарҳанг дар доираи имкониятҳо чораҷӯӣ карда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш мекунем, ки ба Нозим Меликов ёрӣ расонем”.

 

“Бо духтурони эронӣ маслиҳат карда истодаанд”​​​​​​​

Як манбаъи огоҳ аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар пайи муроҷиати коргардон Вазорати фарҳанг ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мактуб ирсол карда, дархост намудааст, ки ба табобати коргардон Нозим Меликов мусоидат намоянд.

“Маълум шуд, ки бемории Нозим Меликов дар Тоҷикистон табобат намешавад ва бояд ба кишварҳои хориҷа барои муолиҷа фиристода шавад. Барои ҳамин вазоратҳои фарҳангу тандурустӣ якҷоя ба Сафорати Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат карданд. Ҳоло ҳамроҳи духтурони эронӣ дар ин робита маслиҳат карда истодаанд”, – гуфт манбаъи мо аз Вазорати фарҳанг.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин масъаларо ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, ки барои харҷи сафар 8 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд.

 

Нозим Меликов: “маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ ё ҷудо нашудааст”​​​​​​​

Нозим Меликов ба хабарнигори “Азия-Плюс” ваъдаи мусодат ба табобат додани вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ва маблағи чиптаи сафар додани Вазорати тандурустиро тасдиқ карда, вале гуфт, ки “ҳанӯз маблағи зарурӣ барои табобат ҷамъоварӣ ё ҷудо карда нашудааст”.

Бо ин вуҷуд, ин коргардони тоҷик умедвор аст, ки ҳукумати кишвар, Вазорати фарҳанг ё Вазорати тандурустӣ барои табобати бемориаш мусоидат мекунанд.

Нозим Меликов соли 2010 ба бемории паркинсон гирифтор шуд ва аз он вақт ба ин сӯ табобат мегираду доруҳои гаронарзиши таскинбахш мехӯрад. Паркинсон бемории мағзи сар аст, ки фаъолияти ҷисмониро суст мекунад ва боиси ихтилоли равонӣ ва ларзиши бадан мегардад. Табибони тоҷик гуфтаанд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон табобат намешавад.

Дар Эрон, Қазоқистон ва Туркия ба бемории паркинсон то 80 дарсад даво мебахшанд. Нархи гузаронидани ҷарроҳӣ аз 15 то 27 ҳазор доллар аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори “Азия-Плюс” шаш моҳи пеш низ ба дидори коргардони номвари тоҷик Нозим Меликов рафта, перомуни рӯзгори имрӯза ва бемориаш гуфтугӯ карда буд, ки дар ин пайванд мутолиа карда метавонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.