Як мард дар Хуросон барои шиканҷаи ҳамсару кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Хуросон як сокини ин ноҳияро барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди семоҳааш 8 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора сомонаи ин додгоҳ рӯзи 29-уми октбяр хабар дода, навиштааст, ки ҳодиса 7-уми июли ҳамин сол рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Алимов М.Г. дар ин рӯз дар ҳолати мастӣ ба хонааш, ки деҳаи Чорбоғи ҷамоати […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Хуросон як сокини ин ноҳияро барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди семоҳааш 8 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора сомонаи ин додгоҳ рӯзи 29-уми октбяр хабар дода, навиштааст, ки ҳодиса 7-уми июли ҳамин сол рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Алимов М.Г. дар ин рӯз дар ҳолати мастӣ ба хонааш, ки деҳаи Чорбоғи ҷамоати Садриддин Айнии ноҳия будааст, меравад ва бо ҳамсараш ҷанҷол мекунад. Гуфта мешавад, дар ин ҷанҷол мард ҳамсарашро латукӯб мекунад ва ин боиси зарари ҷисмонӣ дидани фарзанди навзодашон мешавад.

Додгоҳи Хуросон навиштааст, ки баъди ин ҳолат кудаки семоҳаро дар беморхонаи вилояти Хатлон бистарӣ кардаанд. Тибқи хулосаи тиббӣ-додгоҳӣ косахонаи сари ин навзод осеб дидааст, ки ин зарарри вазнин ба саломатӣ ва хавфнок дониста мешавад.

Додгоҳи Хуросон Алимовро бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ноболиғ (моддаи 110 қисми 2 банди “в” кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста, ӯро барои 8 сол ба зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Назари худи муттаҳам ва наздикони пайвандонаш ба ин ҳукми Додгоҳи Хуросон маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки ҳодисаи латукӯби ҳамсару фарзандон дар ҳолати мастии марди хонадон ва боздошту зиндонии ӯ расонаӣ мешавад. Қаблан низ мақомот дар ҳодисаҳои мушобеҳ ба ин чандин нафарро боздошт карда буданд.

Аз ҷумла, чанде пеш пулиси Душанбе як мардро бо гумони куштори фарзанди дусолааш боздошт ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Мақомот гуфта буданд, ки гумонбаршуда рӯзи 14-уми сентябри соли равон вақте дар ҳолати мастӣ ба хонааш меояд, гиряву фиғони духтарчааш ӯро асабӣ мекунад. Ӯ тоқат накарда, аввал ҳамсарашро латукӯб карда, пасон духтарчаашро бо тасма мезанад ва дар охир ӯро буғӣ карда мекушад.

Пулис бар зидди ин мард бо моддаи 104 (одамкушӣ бо бераҳмии махсус)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карда буд. Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад. Аммо дигар мақомот хабар надоданд, ки баҳси ин қазия то куҷо расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов