“Буғӣ карда куштааст”. Боздошти як мард бо гумони куштори духтари дусолаи худ

Милитсияи шаҳри Душанбе як мардро бо гумони куштори фарзанди дусолааш боздошт ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор дар ин бора хабар дода, аз ин мард Ҷаҳонгир Қурбонзода ном бурдааст. Ӯ сокини ноҳияи Темурмалик буда, дар хонаи иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекардааст. Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршуда […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе як мардро бо гумони куштори фарзанди дусолааш боздошт ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор дар ин бора хабар дода, аз ин мард Ҷаҳонгир Қурбонзода ном бурдааст. Ӯ сокини ноҳияи Темурмалик буда, дар хонаи иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршуда рӯзи 14-уми сентябри соли равон вақте дар ҳолати мастӣ ба хонааш меояд, гиряву фиғони духтарчааш ӯро асабӣ мекунад. Ӯ тоқат накарда, аввал ҳамсарашро латукӯб карда, пасон духтарчаашро бо тасма мезанад ва дар охир ӯро буғӣ карда мекушад.

“Худи ҳамон шаб бо мақсади рӯйпӯш намудани изи ҷиноят ҷисми беҷони духтарашро ба ноҳияи Темурмалик бурда, ҳамчун марги табиӣ вонамуд сохта, бо баргузории маросими динӣ ӯро дафн намудааст”, – гуфта мешавад дар хабари РВКД дар пойтахт.

Манбаъ аз чӣ гуна дастгир шудани гумонбаршуда чизе нагуфтаст, аммо дар навор дида мешавад, ки боздоштшуда гуноҳи худро иқрор карда, нақл мекунад, ки чӣ гуна даст ба куштори духтари худаш задааст.

Пулис бар зидди ин мард бо моддаи 104 (одамкушӣ бо бераҳмии махсус)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардааст. Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Имсол бори якум нест, ки пулис бо гумони қатли хешовандони наздик нафареро дастгир мекунад. Чанде қабл Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.