Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”

Бар асари ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмонӣ Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” се коргар ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти мақомот, ин ҳодиса ду рӯз пеш, 12-уми ноябр рух […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бар асари ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмонӣ Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” се коргар ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти мақомот, ин ҳодиса ду рӯз пеш, 12-уми ноябр рух додааст.

Ба иттилои ин идора, ҷонбохтагон кормандони ширкати “Ҳокруд” мебошанд, ки дар НБО “Роғун” фаъолият доштанд. Кормандони ҳалокшуда 39, 40 ва 51 сол доштаанд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои ҳодиса маълум нашудаанд.

Намояндагони Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳи гуфтанд, ки гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи ҳодиса таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ҳодиса идома дорад. Хадамоти бехатарӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин фоҷиа фаъолият мекунанд.

“Мо номаи расмӣ дар бораи ҳодисаи рухдода гирифтем, баъд аз он гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд, ки ҳоло вазъиятро меомӯзад. Тафсилоти ҳодиса пас аз анҷоми тафтишот эълон хоҳад шуд”, – хабар доданд дар ин ниҳод.

Қайд кардан зарур аст, ки қаблан дар соли 2020 дар майдони сохтмонии НБО Роғун 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 3 коргар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Соли 2019 бошад, дар тамоми корхона ва сохтмонҳои зери назорати Хадамот 33 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 20 нафар ба ҳалокат расида, 25 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Сохтмони НБО Роғун – лоиҳаи азимтарин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа мебошад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ҳанӯз дар соли 1976 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.