Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш

Мақомот занеро, ки навори аз сӯи ӯ химчакорӣ шудани панҷ кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, боздошт кардаанд. Ин зан модарбузурги кӯдакони хурдсол будааст. Навори латукӯби панҷ кӯдаки хӯрдсол аз ҷониби як зан, ки рӯзи 16-уми ноябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вокуниши зиёди корбаронро дар пай дошт. Дар навор дида мешуд, ки ин зан […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Мақомот занеро, ки навори аз сӯи ӯ химчакорӣ шудани панҷ кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, боздошт кардаанд. Ин зан модарбузурги кӯдакони хурдсол будааст.

Навори латукӯби панҷ кӯдаки хӯрдсол аз ҷониби як зан, ки рӯзи 16-уми ноябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вокуниши зиёди корбаронро дар пай дошт. Дар навор дида мешуд, ки ин зан кӯдаконро, ки зоҳиран аз 3 то 7 сол доранд, дохили хона бурда, бо химча онҳоро мезанад. Кӯдакони хурдсол рӯи фарш хобидаанд ва гиряву зорӣ мекунанд, ки онҳоро назанад. Дар шарҳи ин навор корбарони зиёде аз мақомот талаб карданд, ки ин занро ёфта ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дирӯз, 17-уми ноябр бо нашри хабаре гуфт, ин занро боздошт кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ сокини 54-солаи деҳаи Фрунзеи ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст ва кӯдакони хурдсол набераҳои ӯ будаанд.

Пулиси Хатлон гуфтааст, ки сабаби ба чунин кор даст задани боздоштшуда таҳқиқ мешавад ва ҳоло маълум нест, ки барои чӣ ӯ нисбат ба набераҳояш шиканҷаро раво дидааст. Назари худи ин зан ҳам маълум нест.

Бояд гуфт, масъалаи латукӯб ё хушанат нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон доғ аст. Гоҳе наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳи иҷтимоӣ роҳ меёбад ва сарусадои зиёде барпо мекунад. Имсол низ бори чандум аст, ки мақомот аз боздошти бузургсолон барои латукӯби кӯдакон хабар медиҳанд. Вале дар баъзе ҳолат чӣ ҷазо гирифтани боздоштшудаҳо номаълум мемонад.

Қонунгузории Тоҷикистон барои латукӯби ноболиғон вобаста аз сахтии ҷиноят аз ҷарима то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки моҳе пеш мақомот занеро, ки фарзандашро латукӯб ва бинияшро хуншор карда буд, боздошт карда буданд. Навори бадрафтории ин модар ва чашмони гиряолуди фарзандаш дар ҳоле, ки аз бинияш хун мерафт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, боиси вокуниши зиёди корбарон шуда буд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо нашри як баёнияе аз дастгир шудани ин модар хабар дода, гуфта буд, ки ӯ сокини 35-солаи ноҳияи Хуросон ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст, ки писари 10-солаи худро дар назди мардум дар ноҳияи Хуросон латукӯб кардааст.

Пулиси Хатлон гуфта буд, “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”. Аммо дигар маълум нашуд, ки нисбати ин зан чӣ ҷазо татбиқ гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.