Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳудуди 2 млрд 528,7 млн сомонӣ (беш аз 237 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 13,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Операторони хусусӣ, ки вазни қиёсиашон дар бозори алоқаи кишвар 91,2%-ро ташкил медиҳад, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳудуди 2 млрд 528,7 млн сомонӣ (беш аз 237 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 13,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Операторони хусусӣ, ки вазни қиёсиашон дар бозори алоқаи кишвар 91,2%-ро ташкил медиҳад, 2 млрд 305,3 млн сомонӣ (216 млн доллар) даромад гирифтаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта даромади ин операторон ба андозаи 17% кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, даромади  оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа баръакс, ба миқдори 63,3% афзуда, 223,4 млн сомониро ташкил додааст.

То 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4,5 млн нафар корбарони интернет ва қариб 7,2 млн адад муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 5,4 млн нафари онҳо фаъол мебошанд.

Дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index дар моҳи октябр Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети сабтшудаи васеъхат байни 158 кишвар дар зинаи 121-ум қарор дошт.

Суръати баландтарини интернети васеъхат дар Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда, ин кишвар дар радабандӣ мақоми 74-умро касб кардааст. Қирғизистон дар зинаи 82-юм, Қазоқистон – 91-ум ва Туркманистон – дар мақоми 156-ум ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.