Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!

Акнун нафароне, ки мехоҳанд, ба ҳайси додрас кор кунанд, бар иловаи забони давлатӣ (тоҷикӣ) бояд чанд забони хориҷиро ҳам донанд. Ин дар сатҳи қонунгузорӣ ҳатмӣ шуд. То ин дам талабот барои додрасҳо танҳо донистани забони давлатӣ буд. Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардид, ҳамакнун талабот нисбати […]

Акнун нафароне, ки мехоҳанд, ба ҳайси додрас кор кунанд, бар иловаи забони давлатӣ (тоҷикӣ) бояд чанд забони хориҷиро ҳам донанд. Ин дар сатҳи қонунгузорӣ ҳатмӣ шуд. То ин дам талабот барои додрасҳо танҳо донистани забони давлатӣ буд.

Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардид, ҳамакнун талабот нисбати номзадҳо барои вазифаи додрас донистани забонӣ давлатӣ ва хориҷӣ ҳатмӣ аст. Дар қонунгузорӣ гуфта нашудааст, ки зери мафҳуми забони хориҷӣ кадом забонҳо дар назар аст ва додрасҳо чанд забони хориҷиро бояд донанд.

Вале қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбатҳои алоҳидаи худ бо додрасҳо гуфта буд, ки “минбаъд барои қабул ба озмуни коромӯз-судяҳо донистани ду забони хориҷӣ яке аз шартҳои муҳими озмун бояд бошад”.

 

Додгоҳҳо иттилоъро бояд нашр кунанд, вале…

Ҳамчуниин, дар асоси тағйироти дигар ба ин қонун додрасҳо муваззаф шуданд, ки оид ба фаъолияти худ иттилоъро ба таври шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории кишвар манъ накардааст, ба ҷомеа пешниҳод кунанд. Ин талабот дар моддаи нави ин қонун- моддаи 981 дарҷ гардид.

“Судҳо барои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор меандешанд. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешниҳод карда мешаванд”,- бо чунин мазмун моддаи 981 қабул шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тобистони соли 2021 дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва дар асоси он моҳи июли соли 2023 қоидаҳои пешбурди сомонаҳои мақомоти додгоҳӣ қабул шуд, ки дар асоси он мақомоти додгоҳӣ вазифадоранд, ки оид ба фаъолияти худ, аз ҷумла, рӯйхат ва натиҷаи парвандаҳои баррасишуда ва омори додгоҳӣ саривақт маълумот нашр кунанд. Вале як таҳлили сомонаи додгоҳҳои кишвар аз ҷониби “Азия-Плюс” маълум кард, ки ин санадҳо риоя намешаванд.

Тағйиру иловаҳо ҳангоми таъини додрас ва ё пешниҳоди иттилоъ аз ҷониби онҳо дар ҳолест, ки  дар се соли охир дасикам 14 додрас дар Тоҷикистон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кардааст. Ҳарчанд дар фармонҳо дар бораи кирдор мушаххас чизе гуфта нашудааст, вале мувофиқи иттилои расонаҳо, аксари додрасҳо бо гумони ришваситонӣ боздошту зиндонӣ шуданд.

Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо ҳам дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.

Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони мақомоти судӣ дар соли 2019 аз фаъолияти додрасҳои тоҷик интиқод крада буд. Ӯ гуфт, “амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад”.

Дар ҳамин ҳол, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон даст ба ҷиноят задани додрасҳоро “ҳолати бисёр ташвишовар ва камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ” унвон карда буд.

Вай ҳамзамон афзуда буд, ки даст ба ҷиноят задани чанд додрас наметавонад бовари мардумро ба қарори дурусти додгоҳҳо кам кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.